





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад".
رواه البخاريПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки беҳтарини мусалмонон ва волотарини онҳо назди Аллоҳ касе аст, ки тиловат, ҳифз, тартил, фаҳм ва тафсири Қуръонро фаро гирад ва ба он амал кунад ва ончи аз худ кардааст ба дигарон низ таълим диҳад.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст".
رواه مسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз нахондан дар хонаҳо наҳй фармудаанд, зеро он монанди қабристон мешавад, ки дар онҷо намоз хонда намешавад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад, шайтон гурезон аст.
Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст".
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, Худованд бадиҳоро аз ӯ дур мекунад. Ҳамчунин ворид шудааст, ки дар ивази намози шаб хондан барояш кифоят мекунад, ва гуфта шудаст: барояш дар ивази хондани дигар зикрҳо басанда аст, ва гуфтаанд: ин камтарин миқдор аз Қуръон аст, ки барои қиёми шаб кифоят мекунад. Ақволи дигар низ дар ин маврид ворид шудааст ва шояд ҳама ончи зикр шуд дуруст ва ҳама шомили як лафзанд.
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям: (алиф, лом, мим), як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст".
رواه الترمذيПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар мусалмоне, ки ҳарфе аз китоби Худо бихонад як ҳасана хоҳад гирифт ва савоби ӯ барояш то даҳчанд дода мешавад. Сипас онро баён фармуда гуфтанд: (Ман намегӯям «алиф лом мим» як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст). Пас он иборат аз се ҳарф аст, ки барояш сӣ савоб дода мешавад.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард.
رواه مسلمМодари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бисёр пойбанд ба зикри Аллоҳ буд ва дар ҳама замон ва макон Аллоҳро ёд мекард.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Аллоҳ Таъоло мефармояд: Намозро миёни худам ва бандаам ду тақсим кардам ва барои бандаам ҳар он чи бихоҳад, ҳаст. Пас чун банда бигӯяд: (Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро ситоиш кард. Ва чун бигӯяд: (Ар-Раҳмонир-Раҳим) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро сано гуфт. Ва чун бигӯяд: (Молики явмид-дин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро ба бузургӣ ситуд - ва боре гуфт: Бандаи ман ба ман вакил шуд-. Ва чун бигӯяд: (Иёка наъбуду ва иёка настаъин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин байни ман ва бандаам аст ва барои бандаам ҳарчи бихоҳад, ҳаст. Ва чун бигӯяд: (Иҳдинас-сиротал-мустақим, сиротал-лазина анъамта алайҳим ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин барои бандаам аст ва барои бандаам ҳар он чизе бихоҳад, дода мешавад."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: Сураи "Фотиҳаро" дар намоз байни Худам ва бандаам ду тақсим намудаам, нисфи он барои Ман ва нисфи он барои ӯ. Нисфи аввали он ҳамду сано ва ситоишу бузургдошти Аллоҳ аст, ки барои он ба бандаам беҳтарин подошро медиҳам. Ва нисфи дуввуми он дуо ва тазарруъ ва илтиҷо аст. Ва дуояшро иҷобат мекунам ва он чи хостааст ба ӯ ато мекунам. Пас чун намозгузор "Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин" (Ситоиш махсуси Аллоҳ, Парвардигори оламиён аст), бигӯяд, Аллоҳ мефармояд: Бандаам манро ситоиш гуфт. Ва чун бигӯяд: "Ар-Раҳмонир-Раҳим" (Бахшояндаи меҳрубон), Аллоҳ мефармояд: Бандаам манро сано гуфт ва манро ситуд ва ба раҳмате, ки бар ҳама халқ густардаам эътироф кард. Ва чун бигӯяд: "Молики явмид-дин" (Молики рӯзи ҷазо аст), Аллоҳ мефармояд: Бандаам манро тамҷид кард ва он шарафи бузург аст. Пас чун бигӯяд: "Иёка наъбуду ва иёка настаъин" (Туро мепарастем ва аз Ту ёри мехоҳем), Аллоҳ мефармояд: Ин миёни ман ва бандаам аст. Пас, нисфи аввали ин оят барои Аллоҳ аст ва он: "Иёка наъбуду" (Туро мепарастем), ки ба маънои эътироф ба улуҳият барои Аллоҳ аст ва истиҷобати Ӯ бо ибодат аст ва бо ин нисфе, ки барои Аллоҳ аст, поён меёбад. Ва нисфи дуввуми оят барои банда аст: "Иёка настаъин" (Аз Ту ёрӣ мехоҳем), талаби ёрӣ аз Аллоҳ ва ваъдаи ёрӣ додан аз ҷониби Аллоҳ. Ва чун бигӯяд: "Иҳдинас-сиротал-мустақим, сиротал-лазина анъамта алайҳим ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин" (Моро ба роҳи рост ҳидоят кун, * ба роҳи касоне, ки бар онҳо неъмат додаӣ, на аз онон, ки бар онҳо ғазаб кардаӣ ва на гумроҳон), Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин тазарруъ ва дуо аз сӯи бандаам аст ва барои бандаам ҳар он чизе бихоҳад, дода мешавад ва дуояшро иҷобат кардам.
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд: Мардуме аз аҳли ширк, ки дар қатлу зинокорӣ зиёдаравӣ карда буданд, назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд ва гуфтанд: Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад? Пас, ин оят нозил шуд: "Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигаре намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд" (Сураи Фурқон, ояти 68). Ва инчунин ояти дигаре нозил шуд: "[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед...," (Сураи Зумар, ояти 53).
متفق عليهГурӯҳе аз мушрикон назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, дар ҳоле ки бисёр муртакиби қатлу зино шуда буданд, ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Он чи ту ба сӯи он даъват мекунӣ, яъне Ислом ва таълимоти он, чизи хубе аст, аммо ҳоли мо ки муртакиби ширк ва кабоир шудаем чӣ гуна аст ва оё ин каффорае дорад? Пас, ин ду оят нозил шуд ва Аллоҳ тавбаи мардумро бо вуҷуди гуноҳони бузург ва зиёд, пазируфт. Ва агар чунин намебуд, ба куфру туғёнашон идома медоданд ва вориди ин дин намешуданд.
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Фатҳи Макка дар хитоб ба мардум фармуданд: Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард. Бинобар ин мардум ду навъанд: солеҳ ва парҳезгор, ки дар назди Аллоҳ гиромӣ аст, ва нофармон, бадбахт, ки назди Аллоҳ беарзиш аст. Ва мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
رواه الترمذي وابن حبانПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи Фатҳи Макка барои мардум хутба гуфт ва фармуд: Эй Мардум! Ҳамоно Аллоҳ такаббур, ҳамосаи ҷоҳилият ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз миёни шумо бардоштааст. Ва мардум бар ду навъанд: Ё муъмини парҳезгор, солеҳ, фармонбардор ва ибодаткунандаи Аллоҳи бузург аст, ки ин назди Аллоҳ гиромӣ аст, ҳатто агар назди мардум дорои ҳасаб ва насаб набошад. Ва ё ин ки кофири фоҷири бадбахт, ки чунин одам назди Аллоҳ беарзишу хор аст, агарчи назди мардум қудрату обрӯ ва эътибор дошта бошад. Ва ҳамаи мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид, пас барои касе, ки аз хок офарида шудааст, сазовор нест, ки такаббур ва худписандӣ кунад. Ва мисдоқи он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст, ки мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
Аз Зубайр ибни Аввом ривоят аст, ки гуфт: Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
رواه الترمذي وابن ماجهВақте ин оят нозил шуд: "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8). Яъне, аз шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст пурсида хоҳед шуд. Зубайр ибни Аввом (разияллоҳу анҳу) гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Танҳо ду неъмате аст, ки ҷое барои пурсиш надорад ва онҳо хурмо ва об аст! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Шумо бо вуҷуди ҳолате, ки бар он ҳастед, дар бораи неъматҳо пурсида хоҳед шуд. Зеро ин ду аз неъматҳои бузурги Аллоҳ Таъоло ҳастанд.