





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуруқайя Тамим ибни Авси Дорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".
رواه مسلمПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дин бар пояи ихлос ва ростгӯӣ устувор аст, то он гоҳ ки ба таври комил ва бе кӯтоҳӣ ё фиреб адо гардад, тавре ки Худованд фарз гардондааст. Пас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки насиҳат барои чи касе аст? Фармуданд: Аввал: Насиҳат барои Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло, яъне: ихлоси аъмол танҳо барои Ӯ бошад; ба Ӯ ширк оварда нашавад; ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳои Ӯ имон оварда шавад; фармону бузургии Ӯ эҳтиром гардад ва мардумро ба имон овардан ба Ӯ даъват намудан. Дуюм: Насиҳат барои китоби Ӯ, яъне Қуръони Карим, бо ин ки бовар дошта бошем, ки он каломи Ӯ ва охирин китобаш аст, ки нозил шудааст, тамоми шариатҳои пешинро насх кардааст; онро бузург шуморем ва ба дурустӣ тиловаташ кунем; ба аҳкомаш амал намоем; ба муташобеҳоташ таслим шавем; аз таъвили ботили таҳрифгарон онро дифоъ кунем; аз мавъизаҳояш ибрат гирем; илмашро паҳн намоем ва мардумро ба он даъват кунем. Сеюм: Насиҳат барои Расули Худо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) — бо ин бовар, ки Ӯ охирин паёмбар аст, ба он чи овардааст, имон оварем; фармонҳояшро итоат кунем; аз манъкардаҳояш дурӣ ҷӯем; танҳо мувофиқи он чи ӯ баён кардааст, Худоро ибодат кунем; ӯро бузург шуморем; эҳтиромаш кунем; даъваташро паҳн намоем; шариаташро таблиғ кунем ва ҳар туҳматеро, ки ба ӯ баста мешавад, рад кунем. Чаҳорум: Насиҳат барои пешвоёни мусалмонҳо, бо ёрӣ карданашон дар ҳақ; ихтилоф накардан бо онҳо дар амри ҳукумат; ва шунидану итоат кардан ба онҳо дар он чи итоати Худо аст. Панҷум: Насиҳат барои мусалмонҳо, ба онҳо некӣ кардан; даъват карданашон ба хайр; зарар нарасондан ба онҳо; дӯст доштани некӣ барои онҳо ва ҳамкорӣ бо онҳо дар корҳои нек ва парҳезгорӣ.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".
رواه البخاري ومسلمПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки бар ҳар мусалмони мукаллаф дар ҳар шабонарӯз ба андозаи адади мафосили устухонҳояш садақае аз рӯйи шукр барои Аллоҳ Таъоло, ки ба ӯ иноят бахшидааст ва барои устухонҳояш мафосиле қарор додааст, то онҳоро боз ва баста кунад, лозим аст. Ва ин ки ин садақа бо тамоми корҳои хайр анҷом дода мешавад ва маҳдуд ба бахшидани мол нест, аз ҷумла: Адолат ва оштӣ андохтан миёни ду шахсе, ки бо ҳам ихтилоф доранд, садақа аст, Вақте ба нотавоне кумак мекунӣ ба маркабаш савор шавад ва ашёашро барояш бардошта медиҳӣ, садақа аст. Сухани нек, аз қабили зикр, дуо, сулҳ ва ғайра, садақа аст. Ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз мегузорӣ, садақа аст. Ва аз роҳ дур кардани он чи зараровар аст, садақа аст.
Аз Убода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо, байъат кардем ва ин ки дар бораи амр (ҳукмронӣ) бо аҳли он даргир нашавем ва ин ки ҳарҷо бошем ҳақро бигӯем ва дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши сарзанишгар натарсем.
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз саҳобагон аҳду паймон гирифт, ки дар осонӣ ва сахтӣ ва дар сарватмандӣ ва фақр ба амри валиамр ва ҳокимон амал кунанд. Чи ин авомир хостаи нафс бошанд ё чизе бошад, ки нафс онро хӯш намедорад, ҳатто агар ҳоким амволи умумӣ ё мансабҳо ва ғайри онро қабза кунад (баъзеҳоро аз он бидиҳанд ва баъзеҳоро надиҳанд) боз бояд дар корҳои хуб амри ононро шунид ва итоат кард ва набояд бар зидди онон шӯриш кард. Зеро фитна ва фасоде, ки дар ҷангидан бо онон аст, шадидтар аз фасоде аст, ки бо зулми онон ҳосил мешавад. Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз онон паймон гирифт ин аст, ки ҳақро ҳарҷо, ки бошанд бигӯянд ва онро холисона барои Аллоҳ бигӯянд ва аз сарзаниши сарзанишгар натарсанд.
Аз Маъқил ибни Ясори Музанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст".
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе Аллоҳ ӯро ҳоким ва масъул қарор додааст, чи масъулияти бузурге бар дӯш дорад, монанди ҳоким ва амир, ва ё сарпарастии хос, ба монанди сарпарастии мард ё зан дар хонаи худ ва бар зердастони худ беэътиноӣ кунад, дар масъулияти худ фиреб ва хиёнат кунад, барои онон хайр ва некӣ нахоҳад ва ҳуқуқи динӣ ва дунявии ононро зоеъ кунад, сазовори ин ҷазои сахт хоҳад буд.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд: "Ҳар касе аз итоат (и ҳоким) хориҷ шуд ва худро аз ҷамоат (и мусалмонон) ҷудо сохт ва (дар ин ҳолат) вафот кард, марги ӯ марги ҷоҳилӣ аст. Ва ҳар касе таҳти парчами маҷҳуле ҷанг мекунад ё барои таъассуби гурӯҳе хашмгин мешавад, ё ин ки ба сӯи гурӯҳе даъват мекунад, ё аз гурӯҳе пуштибонӣ мекунад ва дар чунин ҳолат кушта шавад, кушта шуданаш ҷоҳилӣ аст (дар роҳи ҷоҳилият мурда аст). Ва ҳар касе бар умматам қиём кунад ва некукору бадкорро бизанад ва байни муъминон (некукор ва бадкор) истисно қоил нашавад ва ба соҳиби аҳду паймон вафо накунад, ӯ аз ман нест ва ман аз ӯ нестам."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудаанд, ки ҳар ки аз тоати ҳокимон (и одил) саркашӣ кунад ва аз ҷамоати мусалмонон, ки бар байъат бо имоме (ҳокиме) иттифоқ кардаанд, хориҷ шавад ва бар ин ҳолати ҷудоӣ ва адами тоат вафот кунад, ба марги аҳли ҷоҳилият мурдааст, ки аз амире итоат намекарданд ва ба як гурӯҳи ягона намепайвастанд, балки гурӯҳ гурӯҳ буданд ва бо ҳамдигар меҷангиданд. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар кас зери парчаме биҷангад, ки дар он ҳаққу ботил фарқ карда нашавад ва фақат барои мутаассибӣ нисбати қавми худ ё қабилаи худ бо онон ҳамроҳ шудааст, на барои ҳимоят аз дин ва ҳақиқат ва дар натиҷа бидуни басират ва илм ва сирф аз рӯйи таассуб биҷангад ва дар ҳамин ҳол бимирад, монанди кушта шудани замони ҷоҳилият ҷон бохтааст. Ва ҳар ки бар уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хуруҷ кунад ва неку бади онро ба ҳам занад ва барояш муҳим набошад, ки чи мекунад ва аз ҷазои куштани муъминони ин уммат натарсад ва ба кофироне, ки аҳду паймон доранд, таваҷҷуҳ накунад ва ба аҳди ҳокимон (и одил) аҳамият надиҳад ва онро зери по гузорад, ин аз гуноҳони кабира аст ва ҳар касе чунин кунад, сазовори ваъид ва таҳдиди шадид аст.
Аз Фурҷа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе назди шумо омад, дар ҳоле ки шумо бар (итоати) як мард ҷамъ шуда иттифоқ кардаед ва хост то дар байни шумо тафриқа андозад ё ҷамоати шуморо аз ҳам ҷудо созад, ӯро бикушед."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар мусалмонон бар як ҳоким ва бар як ҷамоат якҷо шуданд, сипас касе омад ва хост дар он ҳукм ба он ҳоким рақобат кунад, ё хост ҷамоати мусалмононро ба гурӯҳҳо ҷудо сохта, пароканда намояд, бар онон воҷиб аст, ки аз ӯ пешгирӣ кунанд ва барои дафъи шарри ӯ аз мусалмонон ва муҳофизати ҷони мусалмонон бо ӯ биҷанганд.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст, Ҳар рӯз, ки офтоб тулуъ мекунад ва (шахс) байни ду нафар адолат барқарор мекунад ва шахсеро дар савор шудан ба маркабаш кумак мекунад ё матоъашро барои ӯ, ки бар маркабаш нишаста аст, мебардорад, барояш садақа аст. Сухани нек садақа аст ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз бармедорад садақа аст ва ин ки озор ва азиятеро аз роҳ дур мекунад, садақа аст".
متفق عليهПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки бар ҳар мусалмони мукаллаф дар ҳар шабонарӯз ба андозаи адади мафосили устухонҳояш садақае аз рӯйи шукр барои Аллоҳ Таъоло, ки ба ӯ иноят бахшидааст ва барои устухонҳояш мафосиле қарор додааст, то онҳоро боз ва баста кунад, лозим аст. Ва ин ки ин садақа бо тамоми корҳои хайр анҷом дода мешавад ва маҳдуд ба бахшидани мол нест, аз ҷумла: Адолат ва оштӣ андохтан миёни ду шахсе, ки бо ҳам ихтилоф доранд, садақа аст, Вақте ба нотавоне кумак мекунӣ ба маркабаш савор шавад ва ашёашро барояш бардошта медиҳӣ, садақа аст. Сухани нек, аз қабили зикр, дуо, сулҳ ва ғайра, садақа аст. Ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз мегузорӣ, садақа аст. Ва аз роҳ дур кардани он чи зараровар аст, садақа аст.
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) некуахлоқтарини мардум буд.
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) комилтарини мардум аз нигоҳи ахлоқ буд. Ӯ дар тамоми мавориди ахлоқӣ ва некӣ аз ҷумла: гуфтори писандида, некукорӣ, чеҳраи кушода, дурӣ аз озор ва таҳаммули он аз дигарон пешӣ ва бартарӣ доштанд.
Саъд ибни Ҳишом ибни Ъомир вақте назди Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) даромад, гуфт: Эй модари муъминон манро аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бигӯ! Гуфт: Оё Қуръонро намехонӣ? Гуфт: бале мехонам, гуфт: Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд.
رواه مسلم في جملة حديثٍ طويلٍМодари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ӯ саволдиҳандаро бисёр ба як сухани фарогир, яъне Қуръони карим, ки тамоми сифоти комилро дар худ дорад, посух гуфтанд. Ҳазрати Оиша гуфтанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ахлоқи Қуръонро дошт, ончи Қуръон амр фармудааст анҷом медод ва аз ончи наҳй кардааст дурӣ меҷуст, аз ахлоқи ӯ амал карда ба Қуръон ва пойбанд ба аҳкоми он буд, пойбанди тарбияти қуръонӣ буд ва ба амсолу қиссаҳои он эътибор медоданд.