





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд. (Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. (Анъом: 158)). Қиёмат дар ҳоле фаро мерасад, ки ду мард дар ҳоли хариду фурӯши матоъи худ ҳастанд, аммо на хариду фурӯши худро ба поён мерасонанд ва на фурсат барои ҷамъ кардани он хоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде шири шутури худро ҷӯшида аммо фурсат барои нӯшидани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи худро таъмир мекунад, аммо аз он об наменӯшад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки яке аз шумо луқмаи нонро ба тарафи даҳонаш мебарад, аммо онро намехӯрад".
متفق عليهПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки яке аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки офтоб на аз машриқ балки аз мағриб тулӯъ мекунад, ва чун мардум онро бо чашми худ мебинанд, ҳама имон меоваранд. Дар он вақт на кофирро имон суд хоҳад бахшид, ва на касеро амали нек ва тавба. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ фармудаанд, ки қиёмат ба таври ногаҳонӣ барпо мешавад, ба гунае, ки мардум дар он лаҳза машғули кор ва зиндагии худ ҳастанд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки фурӯшанда ва харидор машғули савдои худ ҳастанд, матоъ миёни онҳо гузошта шудааст, аммо савдо нотамом боқӣ мемонад, ҳатто фурсат барои ҷамъ кардани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки мард шутури худро ҷӯшида аммо дигар фурсат барои нӯшидани он намеёбад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи оби худро бино ва таъмир кардааст, аммо аз оби он истифода намекунад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде луқмаи таоми худро мебардорад то ба даҳон гузорад, аммо онро хурда наметавонад.
Аз Абусъаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед оварда мешавад ва садо карда мешавад: эй биҳиштиён! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда гӯш фаро медиҳанд ва нидокунанда мегӯяд: оё инро мешиносед? Биҳиштиён, ки ҳама онро дидаанд ва мешиносанд мегӯянд бале ин марг аст. Сипас ба тарафи дузахиён садо карда мешавад ва дузахиён сарҳои худро баланд карда ба сӯи нидокунанда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Дузахиён низ, ки онро дидаанд ва мешиносанд, мегӯянд: оре, ин марг аст. Сипас он кушта мешавад ва ба биҳиштиён гуфта мешавад, ки инҷо барои шумо ҷовидонӣ аст ва дигар марг барои шумо нест. Ҳамин гуна ба аҳли дӯзах гуфта мешавад, ки инҷо ҷовидонӣ аст ва дигар марг вуҷӯд надорад. Сипас Паёмбари Худо ин ду оятро хонд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ, ки чун кор ба поён расад. (аҳли дунё дар ғафлатанд) ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд. (Марям: 39)"
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мекунад, ки рӯзи қиёмат марг ба шакли як гӯсфанди нари сиёҳ-сафед оварда мешавад, ва гуфта мешавад, ки: эй аҳли биҳишт! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: Оё инро мешиносед? Биҳиштиён мегӯянд: оре ин марг аст ва ҳамагон, ки онро дидаанд, мешиносанд. Сипас он садокунанда боз садо мезанад, ки эй дузахиён! Онон низ сарҳои худро боло карда менигаранд, ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Мегӯянд: оре, ин марг аст ва ҳамагон, ки онро дидаанд мешиносанд. Сипас он кушта мешавад ва нидокунанда мегӯяд: эй аҳли биҳишт! Барои шумо инҷо ҷовидонист ва дигар марг вуҷӯд надорад. Ва эй аҳли дӯзах! Инҷо барои шумо ҷовидонист ва дигар марг вуҷӯд надорад. Ин барои афзунӣ бар неъмат ва саодати биҳиштиён ва азоби бештар барои кофирон аст. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро хонданд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ, ки чун кор ба поён расад. Ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд (Марям: 39)). Рӯзи қиёмат миёни аҳли биҳишт ва дӯзахиён фосила эҷод мешавад ва ҳар кас ба ҷои абадӣ ва ҷовидонии худ меравад. Дар он рӯз гунаҳкор ҳасрат аз он мехурад, ки чаро амали нек анҷом надодааст ва касе, ки амали кам анҷом додааст пушаймон аз он аст, ки чаро дар амалҳои некаш наафзудааст.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Аҳли китоб Тавротро бо (забони) ибрӣ мехонданд ва барои мусалмонон онро бо арабӣ тафсир мекарданд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аҳли китобро на тасдиқ кунед ва на такзиб, балки бигӯед: (Имон овардем ба Аллоҳ ва ба ончи бар мо нозил шудааст) (Бақара 136)"
رواه البخاريПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро аз фиреби ончи аҳли китоб нақл ва ривоят мекунанд, барҳазар доштааст. Дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) яҳудиён Тавротро ба забони ибрӣ, ки забони худи яҳудиён буд, мехонданд ва барои мусалмонон ба забони арабӣ тафсир ва маънидод мекарданд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: аҳли китобро на тасдиқ кунед ва на такзиб, чун ончи онҳо мегӯянд дуруст ва дурӯғи он шинохта намешавад. Худованд моро амр фармудааст то бар ончи аз Қуръон бар мо нозил шудааст ва китобе, ки бар онҳо нозил шудааст, имон дошта бошем, ва мо дар навбати худ ҳеҷ роҳи донистани дуруст ва ё дуруғ будани ончи онҳо аз китобҳои худ нақл ва ривоят мекунанд надорем, магар ҳар ончи, ки дар шариати мо тавзеҳи дуруст ва ё хато будани он баён шуда бошад. Бинобар ин мо худдориро интихоб намуда на онҳоро тасдиқ мекунем ва на такзиб, то дар ончи онҳо дар китобҳои худ таҳриф кардаанд шарик набошем. Шояд дар баъзе аз маворид ончи мегӯянд дуруст ва мувофиқ ба шариати мо бошад, ки дар ин ҳолат ончи мо низ имон овардан ба он амр шудаем, инкор карда бошем. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки бигӯем: (Эй муъминон ба аҳли китоб бигӯед:) "Мо ба Аллоҳ Таъоло имон овардаем ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва ба он чи, ки бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] нозил гардид ва [ҳамчунин] ба он чи, ки ба Мӯсо ва Исо дода шудааст ва ба он чи, ки ба паёмбарони [дигар] аз тарафи Парвардигорашон дода шудааст [оре, ба ҳамаи онон имон меоварем] ва миёни ҳеҷ як аз эшон тафовут намегузорем ва мо [ҳамагӣ] таслими Аллоҳ Таъоло ҳастем" (Сураи Бақара: 136)
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷудоӣ миёни сураҳоро намедонист магар дар ҳоле, ки (Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим) нозил мешуд.
رواه أبو داودИбни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) баён мекунад, ки сураҳои Қуръони карим бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил мешуд ва фосила байни сураҳо ва поёни онҳоро намедонист, то инки (Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим) нозил мешуд ва онгоҳ медонист, ки поёни сураи қаблӣ ва оғози сураи нав аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"
رواه أبو داودПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ба ҳофизи Қуръон, касе, ки дар дунё онро ҳифз карда буд ва ҳамеша онро тиловат ва ба он амал мекард, чун дохили биҳишт шавад ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бихон ва ба дараҷаҳои баланди биҳишт бирас, онро бо тартиб ва бодиққату оромиш бихон, ҳамон гуна, ки дар дунё тиловат мефармудӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту дар биҳишт бар асоси охирин оятест, ки мехонӣ.
Аз Абу-Абдурраҳмони Сулламӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.
رواه أحمدСаҳобагони Паёмбар (Худованд аз онҳо розӣ бод) даҳ оятро аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таълим гирифта ва пас аз амал кардан ба он боз даҳ ояти дигарро фаро мегирифтанд ва ба он амал мекарданд.
Аз Убай ибни Каъб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом ояте аз китоби Аллоҳ, ки фаро гирифтаи, бузургтар аст?" Абумунзир мегӯяд: гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир"
رواه مسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Убай ибни Каъбро аз бузургтарин ояти китоби Худованд пурсид, Убай ибни Каъб пас аз каме тардид, гуфт: он Оятул-курсӣ аст (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бинобар тасдиқ бар посухи ӯ ва бо ишора бар инки синаи ӯ пур аз илму ҳикмат аст, бар қафаси синааш зад ва барои ӯ дуъо карданд, ки Худованд илмиашро биафзояд ва саодатманд бошад.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
رواه البخاريЯке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки вақте ба бистари хоб мерафт ду кафи дастони худро бо ҳам ҷамъ карда ба боло мебардошт, ҳамонгуна, ки дар дуо бардошта мешавад, ва дар он сураҳои (Қул ҳувал-лоҳу аҳад, (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)-ро хонда бо андак аз оби даҳон дамонда бо кафи дастонаш ҳар қисмате аз баданашонро, ки метавонистанд масҳ мекарданд. Ин амалро аз сар ва рӯй ва сипас аз қисми пеши бадан шуруъ карда се бор анҷом медоданд.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон: 7). Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош"
متفق عليهРасули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат карданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон 7). Дар оёти мазкур Худованди Муттаъол хабар додааст, ки Ӯ Қуръонро бар паёмбараш фиристодааст, қисме аз он оятҳое ҳастанд, ки дорои маънои равшан ва ҳукми возеҳ аст ва чизе мубҳам дар он вуҷӯд надорад, ва ин аст асли Китоб ва сарчашмаи он, ва дар ҳоли вуҷӯди ихтилоф манбаъи бозгашт хоҳад буд. Қисми дигари он оятҳое ҳастанд, ки эҳтимоли чанд маъно дар онҳо вуҷӯд дорад ва маънои онҳо барои баъзе аз мардум номафҳум боқӣ мемонад, ё ба ин гумон, ки миёни ин оят ва оятҳои дигар таъоруз ва ихтилоф аст. Сипас Худованд шеваи бархурди мардумон бо ин оятҳоро ин гуна баён медорад, ки касоне дар дилҳояшон майли аз ҳақ баромадан аст оятҳои муҳкамро раҳо карда рӯй ба оятҳои муташобеҳ меоранд, ки маъонии эҳтимолӣ дар онҳо вуҷӯд дорад ва ҳадафашон аз он шубҳа андохтан миёни мардум ва гумроҳ кардани онҳо аст, мехоҳанд онҳоро мувофиқи майл ва ҳаваси худ таъвил ва тафсир кунанд. Аммо онон, ки дар илм устуворанд, оятҳои муташобеҳро медонанд ва маъонии онҳоро тибқи оятҳои муҳкам вомегузоранд ва ба он имон доранд ва медонанд, ки аз сӯи Парвардигор ҳастанд ва имкони дорои мафҳуми дигар ва ё таъоруз бар дигар оёт дар онҳо вуҷӯд надорад. Аммо танҳо касоне пандпазир мешаванд, ки ақли солим доранд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод гуфт: агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, бидон онон ҳамон касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро дар ин оят ном бурдааст, (аммо касоне ки дар дилҳояшон инҳироф ва гумроҳӣ аст) аз онҳо бипарҳезед ва ба суханонашон гӯш надиҳед.