





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: ба Паёмбари Худо гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Зарфҳои ҳавз чигуна ҳастанд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Қасам ба Онки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, зарфҳои ҳавз бештар аз ситорагони осмон ҳастанд, ки дар шаби торик ва беабр дида мешаванд, ҳар касе аз зарфҳои биҳишт бинӯшад дигар ташна намешавад, аз ду новадони биҳишт ба он об мерезад, касе аз он бинӯшад дигар ташна намешавад. Андозаи паҳноӣ ва тӯли он баробар аст, андозаи он ба монанди фосилаи миёни Уммон ва Айла аст, оби он сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал аст".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд намуданд, ки зарфҳои ҳавзи ӯ (с) дар рӯзи қиёмат бештар аз шумори ситорагони осмон ҳастанд, ки дар шаби торик ва бе моҳтоб дида мешавад, зеро дар шаби равшан ва моҳтобӣ ситорагон ба хубӣ дида намешаванд, ҳамон гуна, ки дар шаби абрӣ низ дидани онҳо душвор аст. Аз вижагиҳои зарфҳои биҳиштӣ ин аст, ки ҳар касе аз оби онҳо бинӯшад, дигар ҳаргиз ташна намешавад ва охирин ташнагии онҳо хоҳад буд. Вижагии дигари ҳавзи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вуҷӯди ду новадон аст, ки аз биҳишт об сарозер мешавад ва паҳноӣ он ҳавз ба андозаи тӯли он аст. Чаҳор тарафи ҳавз мутасовӣ ва баробар аст, ки андозаи як тарафи он баробар аст ба андозаи масофаи миёни Уммон, шаҳре дар сарзамини Балқои Шом, то Айла, ки шаҳри машҳури дигаре дар дигар гӯшаи Шом аст. Оби ҳавз сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал аст.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: "Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки оташи дунё танҳо як бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст, қуввати гармии оташи дӯзах шасту нуҳ баробари дигар бештар аз гармии оташи дунё аст, ки ҳар як қисмати он баробари гармии оташи дунё аст. Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамон оташи дунё барои касоне, ки вориди дӯзах мешаванд худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: гармии оташи дӯзах шасту нуҳ маротиба бештар аз оташи дунё аст, ки гармии ҳар як қисмати он баробар ба оташи дунё аст.
Аз Зиёд ибни Лабид (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст". Гуфтам: Эй расули Худо! Чигуна илм аз байн меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро мехонем ва онро ба фарзандони худ меомӯзонем ва фарзандони мо низ ба фарзандони худ меомӯзонанд ва ҳамин гуна то рӯзи қиёмат идома хоҳад ёфт? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй Зиёд! Модарат дар азоят бинишинад, туро аз фақеҳтарин мардони Мадина фикр мекардам, оё намебинӣ, ки яҳудиён ва насрониён Таврот ва Инҷилро мехонанд ва ба ҳеҷ яке аз фармудаҳои он амал намекунанд?".
Ibn MaajahПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ёронаш нишаста буд ва фармуд: як замоне аст, ки илм аз миёни мардум бардошта мешавад, Зиёд ибни Лабиди ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ин сухани Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар тааҷҷуб афтода аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: чигуна илм аз дасти мо меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро хонда онро ҳифз кардаем? Савганд ба Худо мо онро мехонем ва ба занону фарзандони худ ва фарзандони фарзандони худ онро меомӯзонем. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо тааҷҷуб гуфт: Модарат дар азоят бинишинад эй Зиёд! Ман туро аз олимони Мадина мешумурдам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки: аз байн рафтани илм ба маънои аз даст рафтани Қуръон нест, балки амал накардан ба илм, ба маънои аз байн рафтани он аст. Яҳуд ва насоро, ки барояшон Таврот ва Инҷил фиристода шудааст, барояшон суде набахшид, зеро онҳо бо он амал накарданд ва аз ончи дар он барояшон дастур шудааст баҳраманд нашуданд.
Аз Товус ривоят аст, ки гуфт: мардумоне аз ёрони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дидем, ки мегуфтанд: ҳама чиз вобастагӣ ба тақдир дорад. Мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Умарро (Худованд аз он ду розӣ бод) шунидам, ки мегуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳама чиз вобаста ба тақдир аст, ҳатто оҷизию нотавонӣ ва зиракию ҳӯшёрӣ".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳама чиз марбут ба тақдир аст, ҳатто аҷз ва нотавонӣ, ки иборат аст аз: тарк кардани коре, ки бояд анҷом дода шавад ва ба таъхир андохтани он аз вақташ дар корҳои дунё ва охират. Ҳамчунин ҳушёрӣ ва зиракӣ, ки иборат аст аз: фаъолият ва маҳорат доштан дар корҳои дунё ва охират. Худованди Мутаъол тавон ва нотавонӣ ва дар умум ҳама чизро муқаддар намудааст, ҳеҷ чиз рух намедиҳад, магар инки илм ва машияти Худованд бар он навишта шудааст.
Аз Матар ибни Укомис (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".
At-TirmidhiПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд агар марги бандаеро дар сарзамине муқаррар сохта бошад, ки худи ӯ дар он сарзамин ҳузур надорад, барои ӯ дар он сарзамин ниёз ва ҳоҷате қарор медиҳад, ки банда ба онҷо меояд ва дар онҷо қабзи руҳ мешавад.
Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амакаш гуфт: "Бигу: нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, то дар рӯзи қиёмат бароят гувоҳӣ бидиҳам". Гуфт: агар таънаи Қурайш бар ман намебуд ва аз сухани онҳо, ки ӯро тарс ба ин кор водошт, эмин мебудам, бо (гуфтани) он чашмонатро равшан мекардам. Худованд ин оятро нозил фармуд: ([Эй паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад (Қасас: 56))
MuslimПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз амакаш Абутолиб, ки дар ҳолати марг буд, хоҳиш кард "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд то ӯро дар рӯзи қиёмат шафоат ва барои ислом пазируфтанаш гувоҳӣ диҳад, аммо ӯ аз тарси инки мабодо Қурайш бигӯяд ӯ аз тарси марг ва нотавонӣ имон овард, худдорӣ кард. Ба Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: агар ончи гуфтам намебуд туро ба орзуят мерасондам ва бо гуфтани калимаи шаҳодат дилатро шод мекардам, то хушнуд шавӣ. Худованд ояти мазкурро бинобар ин нозил фармуд, ки тавфиқи ҳидоят ба дасти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нест, балки танҳо Аллоҳ касеро бихоҳад тавфиқ ва ҳидоят мефармояд ва масъулияти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) роҳнамоӣ ва даъвати мардум ба роҳи рост аст.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди Абдуллоҳ ибни Ҷудъон, ки пеш аз Ислом яке аз бузургони Қурайш буд ва робитаи хешутабориро ба ҷой меовард ва ба онҳо некӣ мекард, ба бенавоён таом медод ва дигар корҳои нек, ки ислом ба онҳо ташвиқ намудааст, анҷом медод, хабар додааст, ки ин амалҳояш барои ӯ дар рӯзи қиёмат ҳеҷ нафъе нахоҳанд дод, зеро ӯ ба Худованд имон наоварда буд ва боре ҳам нагуфта буд: Парвардигоро дар рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз.
Аз Ҳаким ибни Ҳизом (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Оё барои амалҳое, ки дар замони ҷоҳилият ба қасди ибодат анҷом медодам, ба монанди садақа, озод кардани ғулом ва робитаи хешутаборӣ, подош хоҳам гирифт? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Некиҳое, ки пеш аз Ислом пазируфтан анҷом додаи, бо ту ҳастанд".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мефармоянд, ки кофир агар ислом бипазирад, барои амалҳои нек, ки пеш аз Ислом анҷом додааст, ба монанди садақа, озод кардани ғулом, силаи раҳм ва дигар амалҳои нек, подош дода мешавад.
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад"
MuslimПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳоли шахси мунофиқро чунин баён намудааст, ки ӯ мисли як гӯсфанди саргардон аст, ки намедонад ба сӯи кадом яке аз рамаҳо биравад. Гоҳ ба тарафи ин рама меравад гоҳ ба тарафи рамаи дигар. Мунофиқон дар миёни куфр ва имон ҳайрон ва саргардонанд, на дар зоҳир ва ботин бо мӯъминонанд ва на бо кофирон, дар зоҳир бо мӯъминонанд ва дар ботин дар шакку тардид, гоҳ майл ба сӯи инҳо мекунанд ва гоҳҳо ба сӯи онҳо.