





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абдуллоҳ ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде гуфт: "Эй Расули Худо, аҳкоми ислом бар ман зиёд шудааст, чизе ба ман бигӯ, ки ба он чанг бизанам". Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".
رواه الترمذي وابن ماجه وأحمدМарде назди Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ибодатҳои нафлӣ (яъне суннату мустаҳабҳо) барояш бисёр шудаанд ва ба сабаби заъфаш аз иҷрои онҳо оҷиз мондааст. Сипас аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳиш кард, ки амали осонеро ба ӯ нишон диҳад, ки савоби бисёр дошта бошад ва битавонад ба он амал чанг занад ва пойбанд бошад. Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро роҳнамоӣ кард, ки ҳамеша забонаш ба зикри Худованд, дар ҳар вақт ва ҳар ҳолат тар бошад, ба монанди тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳмид (алҳамдулиллоҳ), истиғфор (астағфируллоҳ), дуо ва дигар зикрҳои ба ин монанд.
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
متفق عليهПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳеҷ мусалмоне наметавонад имони комилро ба даст орад, то он чиро, ки худаш аз тоату амалҳои гуногун дар дин ва дунё дӯст медорад, барои бародари (муъмини) худ дӯст бидорад ва он чиро, ки барои худ бад мебинад, барои ӯ низ бад бинад. Агар дар дини бародари мусалмонаш нуқсоне бубинад, барои ислоҳаш саъй кунад ва агар дар ӯ хайре бубинад, ӯро роҳнамоӣ кунад, кумакаш кунад ва дар умури дин ва зиндагии дунявӣ пандаш диҳад.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд".
رواه الترمذي وغيرهПаёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки камоли зебоии Ислом ва камоли имони мусалмон дар он аст, ки инсон аз он чизҳое, ки ба ӯ дахл надорад, ба ӯ тааллуқ надорад ва барои ӯ фоидае надорад, чи аз суханҳо ва чи аз амалҳо дурӣ ҷӯяд. Зиёда аз ин, машғул шудан ба чизҳое, ки ба инсон дахл надоранд, метавонанд ӯро аз корҳои муҳим маҳрум кунанд, ё ӯро ба чизҳое расонанд, ки бояд аз онҳо парҳез кунад. Инсон рӯзи қиёмат барои амалаш посухгӯ аст.
Аз Абулаббос Саҳл ибни Саъди Соъидӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "(Рӯзе) як мард назди Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт: Эй Паёмбари Худо, маро ба амале роҳнамоӣ кун, ки ҳар гоҳ онро иҷро кунам, сазовори дӯст доштани Аллоҳ ва мардум бошам". Паёмбар фармуд: "Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд".
رواه ابن ماجه وغيره بأسانيد حسنةМарде аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки кадом амалро иҷро кунам, то Худо маро дӯст дорад ва мардум низ маро дӯст доранд? Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Худо туро дӯст медорад, агар он чиро, ки аз дунё зиёдатӣ ва барои охиратат суд надорад, тарк кунӣ ва аз он чизе, ки ба дини ту зарар мерасонад, дурӣ ҷӯйӣ. Мардум дар ҳоле туро дӯст медоранд, ки агар нисбати он чизе, ки аз дунё дар дасти онҳо аст, берағбат бошӣ. Зеро мардум табиатан дунёро дӯст медоранд ва касе, ки бо онҳо барои дунё рақобат мекунад, онҳоро ғазабнок мекунад, вале касе, ки дунёро барояшон вогузорад, дӯсташ медоранд.
Аз Миқдом ибни Маъди Кариб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мефармояд: "Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
رواه الإمام أحمد والترمذي والنسائي وابن ماجهПаёмбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) моро ба яке аз усулҳои асосии тиб роҳнамоӣ мекунад, ки он пешгирӣ (профилактика) аст. Яъне, инсон бояд саломатии худро бо камхӯрӣ нигоҳ дорад. Бояд танҳо ба қадре бихӯрад, ки гуруснагияшро дур кунад ва ӯро барои анҷоми корҳои зарурӣ қувват бахшад. Зеро бадтарин зарфе, ки пур мешавад, шикам аст, аз серхӯрӣ бемориҳои зиёде ба вуҷуд меояд, ки бархе фавран ва баъзе дертар, бархе ошкор ва бархе пинҳон пайдо мешаванд. Сипас Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Агар инсон ночор бошад, ки сер шавад, пас бояд аз се як ҳиссаи шикамашро барои хӯрок, як ҳиссаи дигарро барои нӯшидан ва як ҳиссаи боқимондаашро барои нафаскашӣ гузорад, то ки тангии нафас, зарар ва танбалӣ дар анҷоми фарзҳои диниву дунявӣ бар ӯ роҳ наёбад.
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки онҳо (биҳиштиён) ҳар ҷумъа ба он меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳои онҳо мевазад, ки бар зебогӣ ва ҷамоли онҳо меафзояд. Ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки бар ҳусну ҷамолашон афзуда шудааст. Хонаводаи онҳо ба онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, пас аз мо бар ҳусну ҷамолатон афзуда шудааст! Онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо бар ҳусну ҷамолатон афзуда шудааст".
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дар биҳишт маконе ҳаст, ки онҳо дар он ҷамъ мешаванд. Дар он ҷо хариду фурӯш нест. Ҳар кас аз он чизе бихоҳад мегирад. Онҳо дар ҳар ҳафт рӯз якбор ба онҷо меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳояшон мевазад ва бар ҳусну ҷамоли онҳо меафзояд. Онҳо ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки зебоии онҳо низ афзудааст. Хонаводаи онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо пас аз мо зеботар шудаед, ва онҳо ҷавоб медиҳанд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо зеботар гаштаед.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз сангсор кардани Асламӣ бархост ва фармуд: "Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард".
رواه الحاكم والبيهقيИбни Умар (разияллоҳу анҳумо) хабар дод, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз он ки Моъиз ибни Молики Асламӣ (разияллоҳу анҳу)-ро бо ҳадди зино сангсор кард, бархост ва ба мардум хутба хонд ва гуфт: Аз иртикоби ин амали зишту нописанди зино барҳазар бошед. Ва баён намуданд, ки ҳар ки муртакиби ин амали нописанд ва қабеҳ шавад, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст, бояд ду корро анҷом диҳад: Якум: Гуноҳи худро пинҳон кунад, он чунон ки Худованд ӯро пинҳон кардааст ва гуноҳи худро ба касе хабар надиҳад. Дувум: Ин ки фавран дар назди Аллоҳ Таъоло тавба кунад ва дар гуноҳ исрор наварзад. Ва агар гуноҳи ӯ барои мо ошкор гардад, бар ӯ ҳад ва ҳукми муқарраркардаи Китоби Худовандро барои он гуноҳ иҷро хоҳем кард.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». -Ва ба синаи худ се бор ишорат кард– «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ".
رواه مسلمПаёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусалмонро ба бародари мусалмонаш бо некиҳо васият кард ва баъзе вазифаҳо ва одоберо, ки нисбат ба онҳо бояд дошта бошад, шарҳ дод, аз ҷумла: Васияти аввал: Ҳасад набаред, ба ин сурат, ки баъзе аз шумо орзуи аз байн рафтани неъматҳои дигаронро дошта бошад. Васияти дуввум: Қиммати молро бо дурӯғ ва бе ниёз ба харид зиёд накунед, яъне нархро зиёд накунед, вақте ки намехоҳед онро бихаред, балки мақсадаш ё кумак ба фурӯшанда аст ё зарар расонидан ба харидор. Васияти сеюм: Бо якдигар душманӣ макунед! Ва он зарар расондан аст, ки зидди муҳаббат мебошад, магар ин ки душманӣ барои Аллоҳ Таъоло бошад, дар ин ҳолат воҷиб аст. Васияти чаҳорум: Ба якдигар пушт нагардонед, ба ин маъно, ки ҳар яке аз шумо ба бародараш пушт гардонад ва аз ӯ рӯй гардонида ӯро тарк кунад. Васияти панҷум: Болои муомилаи якдигар муомила накунед, монанди ин ки ба харидор бигӯяд: "Ман мисли ҳамин чизро бо нархи камтар ё сифати беҳтар дорам". Сипас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба васияти умумие ишора карданд ва фармуданд: Ҳамчун бародароне барои ҳамдигар бошед, бо парҳез аз он чи манъ карда шуд, ва бо баён намудани муҳаббат, нармӣ, шафқат, муомила ва ҳамкорӣ дар некукорӣ, бо покии дилҳо ва маслиҳат дар ҳар ҳолат. Ва аз лавозими ин бародарӣ, ин аст: Ба бародари мусалмонаш зулму ситам накунад ва ба ҳаққи ӯ таҷовуз накунад. Бародари мусулмонашро дар ҳолати мазлумият танҳо нагузорад ва ӯро дар ҷое, ки метавонад ёрӣ расонад ва зулмро аз ӯ бардорад. Ӯро таҳқир накунад ва кӯчак нашуморад ва ба ӯ бо назари поён ва ҳақоратангез нанигарад, ки ин аз бузургбинӣ ва такббуру ғурури дил бармеояд. Сипас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) се бор баён намуданд, ки тақво дар дил аст ва касе, ки дар дилаш тақво дошта бошад, ки он ахлоқи хуб ва тарс аз Худову ва назорати Ӯро ба ҳамроҳ дорад, ӯ ягон мусалмонро паст намешуморад. Сипас баён намуданд, ки аз хислатҳои бад ва ахлоқи паст барои шахс ҳамин кофӣ аст, ки бародари мусалмонашро таҳқир кунад, ки ин нишони такббуру ғурур дар дил аст. Сипас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид карданд, ки ҳар мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст: рехтани хунаш, яъне касе набояд бо қатл ё ҷароҳат ё задан ва дигар амалҳо ба ӯ осеб расонад; молаш, яъне касе набояд бидуни ҳақ молашро бигирад; ва номусаш, яъне бо бадгӯӣ аз шахсият ва аслу насаби ӯ.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сӯйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз масоҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омӯзанд, пас бар дилҳои онҳо оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ӯст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ӯро ба ҷое нарасонад
رواه مسلمПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки подоши мусалмон назди Худованд мувофиқи амалест, ки бо дигар мусалмонон анҷом медиҳад. Пас, ҳар касе, ки аз як муъмин мусибате ё душворие аз мусибатҳои дунёро сабук кунад, Худо аз ӯ мусибате аз мусибатҳои рӯзи қиёматро сабук мегардонад. Ҳар касе, ки ба як тангдаст осонӣ биёрад ва душвориашро сабук намояд, Худованд бар ӯ дар дунё ва охират осонӣ хоҳад овард. Ҳар касе, ки айби як мусалмонро пӯшонад, масалан, агар чизе аз лағзиш ё хатоҳои ӯро бинад, ки шоистаи ошкор шуданаш нест, Худованд низ айби ӯро дар дунё ва охират пинҳон медорад. Худо ёридиҳандаи бандаи худ мешавад, то вақте ки он банда дар ёрии бародари худ, дар корҳои динӣ ё дунявии ӯ бошад. Ин ёрӣ метавонад бо дуо, кумак бо ҷисм, мол ё дигар роҳҳо бошад. Касе, ки барои омӯхтани илми шаръӣ меравад ва қасдаш танҳо розигии Худованд аст, Худо ба василаи он роҳро ба сӯи биҳишт барояш осон мегардонад. Ҳар гоҳ гурӯҳе дар яке аз хонаҳои Худо ҷамъ шаванд ва китоби Худоро тиловат кунанду онро байни худ биомӯзанд, оромиш ва вақор бар онҳо нозил мегардад; раҳмати Худо онҳоро фаро мегирад; фариштагон онҳоро иҳота мекунанд; Худованд дар назди мавҷудоти баландмартабаи Худ онҳоро ёд мекунад. Ва чи шарафе бузургтар аз он аст, ки Худо бандаро дар малаи аъло ёд кунад! Касе, ки аъмолаш нопурра бошад, ба мартабаи соҳибони аъмоли нек нахоҳад расид. Пас, набояд шахс танҳо ба шарафи насаб ва фазилати падарону гузаштагонаш такя кунад ва дар амал кӯтоҳӣ намояд.