





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абӯ Наҷиҳ ал-Ирбоз ибни Сория (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро панде дод, ки қалбҳо аз он ба ларза омаданд ва ашкҳо аз чашмҳо ҷорӣ шуд. Гуфтем: Эй Расули Худо! Ин гӯё мавъизаи касест, ки бо мо видоъ мекунад. Ба мо васият кун! Фармуд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед. Ба он сахт чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) эҳтиёт кунед, зеро ҳар бидъате гумроҳист".
رواه أبو داود والترمذيПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоби худ мавъизаи балиғе карданд, ки дилҳоро ба тарсу ҳарос ва ашкро ба чашмонашон овард. Пас чун муболиға ва умқи мавъизаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро диданд, гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гӯё ин хутбаи видоъ аст, пас аз ӯ васияте хостанд, ки баъд аз ишон ба он пойбанд бошанд. Фармуданд: Шуморо тавсия медиҳам, ки аз Аллоҳ Таъоло бо анҷом додани фарзҳояш ва тарк кардани муҳаррамоташ битарсед. Шунидан ва итоат кардан, яъне ба ҳокимон, ҳатто агар бардае ба иморати шумо ё ба вилояти шумо расид, яъне, камтарин мардум ҳокими шумо шуд аз ӯ итоат кунед ва аз тарси барангехтани фитна аз итоати ӯ сар натобед, зеро ҳар ки аз шумо зинда бимонад ихтилофи зиёдеро хоҳад дид. Сипас роҳи раҳоӣ аз ин ихтилофро ба онҳо фаҳмонд, ки он ҳам тамассук ба суннати худ ва суннати халифаҳои ҳидоятёфтааш баъд аз ӯ, монанди Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз онҳо розӣ бод) ва гирифтани он бо дандонҳо аст. Ва мақсад аз ин мисол ҷиддият дар риояи суннат ва пойбандӣ ба он аст. Ононро аз корҳои навпайдо ва тозасохта дар дин ҳушдор дод, зеро ҳар бидъат гумроҳӣ аст.
Аз Ирбоз ибни Сория (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни мо бархост ва ба мо мавъизае кард, ки дилҳоямонро ба ларза овард ва чашмонамонро ашколуд сохт. Пас гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ! моро мавъизае гуфтӣ мисли мавъизаи видоъкунанда буд, пас моро тавсияе бикун. Фармуданд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед, инро бо дандонҳои курсиятон бигиред ва аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар чизи навпайдо (дар дин) гумроҳӣ аст".
رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمدПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоби худ мавъизаи балиғе карданд, ки дилҳоро ба тарсу ҳарос ва ашкро ба чашмонашон овард. Пас чун муболиға ва умқи мавъизаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро диданд, гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гӯё ин хутбаи видоъ аст, пас аз ӯ васияте хостанд, ки баъд аз ишон ба он пойбанд бошанд. Фармуданд: Шуморо тавсия медиҳам, ки аз Аллоҳ Таъоло бо анҷом додани фарзҳояш ва тарк кардани муҳаррамоташ битарсед. Шунидан ва итоат кардан, яъне ба ҳокимон, ҳатто агар бардае ба иморати шумо ё ба вилояти шумо расид, яъне, камтарин мардум ҳокими шумо шуд аз ӯ итоат кунед ва аз тарси барангехтани фитна аз итоати ӯ сар натобед, зеро ҳар ки аз шумо зинда бимонад ихтилофи зиёдеро хоҳад дид. Сипас роҳи раҳоӣ аз ин ихтилофро ба онҳо фаҳмонд, ки он ҳам тамассук ба суннати худ ва суннати халифаҳои ҳидоятёфтааш баъд аз ӯ, монанди Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз онҳо розӣ бод) ва гирифтани он бо дандонҳо аст. Ва мақсад аз ин мисол ҷиддият дар риояи суннат ва пойбандӣ ба он аст. Ононро аз корҳои навпайдо ва тозасохта дар дин ҳушдор дод, зеро ҳар бидъат гумроҳӣ аст.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Дар охири умматам мардуме хоҳанд, буд, ки барои шумо суханҳое мегӯянд, ки шумо ва падаронатон нашунидаед, пас аз онон дур бошед."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дар охири умматаш одамоне пайдо мешаванд, ки дурӯғ мебанданд ва чизҳое мегӯянд, ки касе пеш аз онон нагуфтааст ва ҳадисҳои дурӯғин ва сохтаро нақл мекунанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро амр намуданд, ки аз онон дурӣ кунем ва бо онон ҳамнишин нашавем ва ба суханонашон гӯш надиҳем. Мабодо ин гапи бофта ва дурӯғ дар зеҳни мардум ҷой гирад ва мо аз он халос шуда натавонем.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар он чиро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, мехостам онро ҳифз кунам. Аммо Қурайш манро аз ин кор манъ карданд ва гуфтанд: Оё ҳар чизеро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунавӣ, менависӣ, дар ҳоле ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башар аст, ки дар хашм ва хушнудӣ сухан мегӯяд? Пас, даст аз навиштан бардоштам ва онро ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бозгӯ кардам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карданд ва гуфтанд: "Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд."
رواه أبو داودАбдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) мегӯяд: Ҳар он чи аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, то онро бо навистанам ҳифз кунам. Аммо мардоне аз Қурайш манро аз ин кор манъ намуданд ва гуфтанд, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инсон аст ва дар ҳолати ғазабу хушнуди сухан мегӯяд ва шояд хато кунад, пас аз навистан даст кашидам. Сипас он чи гуфта буданд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карда ва фармуданд: Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе берун намеояд, чи дар ҳоли хушнудӣ ва чи дар ҳоли хашму ғазаб. Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд * [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест) (Сураи Наҷм, оятҳои 3-4).
Аз Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
رواه البخاري ومسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Исломро бо панҷ рукни он ба биное ташбеҳ кардааст, ки бар ин панҷ рукн устувор аст ва боқимонда вижагиҳои Ислом монанди комилкунандаҳои ин бино ҳастанд. Аввалини он рукнҳо, шаҳодатайн аст. Яъне, гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ илоҳи барҳаққе нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст. Ва ин ду шаҳодат як рукнанд, ки аз якдигар ҷудо намешаванд. Банда бо эътироф ба ягонагии Аллоҳ ва сазовори ибодат будани Ӯ ба ягонагӣ ва дар ҳоле, ки ба муқтазои он амал мекунад ва ба паёмбарии Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон овардааст ва аз ӯ пайравӣ мекунад, ин (шаҳодатайн)-ро ба забон меорад. Рукни дуввум: Барпо доштани намоз аст. Ин рукн намозҳои панҷгонае, ки дар як шабонарӯз аст, монанди бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтанро бо ҳама шартҳо, рукнҳо ва воҷиботашон дар бар мегирад. Рукни севум: Адо намудани закоти фарзӣ. Ин ибодати молии воҷибест, ки чун молу сарвати (шахси мусалмон) ба миқдори муайянкардаи шариат бирасад, (миқдори муайянкардаи шариатро гирифта) ба афроди мустаҳиқ дода мешавад. Рукни чаҳорум: Ҳаҷ, яъне сафар кардан ба Макка барои адои маросимҳои ҳаҷ, ба хотири ибодати Аллоҳ Таъоло. Рукни панҷум: Рӯзаи моҳи Рамазон. Даст кашидан аз хӯрдану нӯшидан ва дигар шиканандаҳои рӯза ба нияти ибодати Аллоҳ аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб.
Аз Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ростгӯ ва тасдиқшуда аст барои мо фармуд: "Офариниши ҳар кадоми шумо дар шиками модараш дар чиҳил рӯз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад, пасон ба монанди ҳамон (миқдор) хуни баста мегардад, боз монанди ҳамон (миқдор) порчаи гӯште мегардад. Сипас малоикае ба сӯйи ӯ фиристода мешавад ва рӯҳро дар он медамад, пас он (малоика) ба чаҳор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи он (шахс), муддати зиндагонии он (шахс), амали он (шахс) ва бадбахтӣ ё хушбахтии он (шахс). Қасам бар Худое, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест, ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни биҳишт (масофаи) як оринҷ намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда, амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад. Ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни дӯзах (масофае) намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад".
رواه البخاري ومسلمИбни Масъуд мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ дар гуфтораш ростгӯ ва тасдиқшуда аз ҷониби Аллоҳ аст ба мо чунин фармуданд: Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки чун мард бо ҳамсараш ҳамхобагӣ мекунад оби мании парокандаи ӯ дар шиками зан муддати чиҳил рӯз ба шакли нутфа мемонад. Сипас чиҳил рӯзи дигар алақа, ба монанди хунпораи ғафс, мемонад. Боз чиҳил рӯзи дигар табдил ба музға, гӯштпорае ба монанди луқмаи ҷавидашуда, боқӣ мемонад. Сипас Худованд пас аз поёни чиҳилрӯзаи сеюм фариштаеро мефиристад то дар он рӯҳро бидамонад. Ба фаришта дастур дода мешавад то чор чизро бинависад, ки иборатанд аз: ризқи ӯ, яъне ҳамон андоза аз неъматҳое, ки дар зиндагӣ ба даст меорад. Аҷали ӯ, яъне ҳамон муддат ва замоне, ки дар дунё боқӣ мемонад. Амали ӯ, яъне чи амалҳоеро анҷом медиҳад? Ӯ як шахси бадбахт хоҳад буд ва ё хушбахт. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд мекунад, ки шахсе амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад, ба гунае ки ба чашми мардум амали нек вонамуд мегардад, то инки миёни ӯ ва биҳишт ба андозаи як зироъ (як газ) мемонад, (яъне: миёни ӯ ва расидан ба биҳишт фосилае ҷуз як газ намемонад), аммо тақдир ва ончи бар ӯ навишта шудааст ғолиб омада ногоҳ амале аз амалҳои дӯзахиёнро анҷом дода поёни кораш ворид шудан ба ҷаҳаннам аст. Зеро шарти қабули амал устуворӣ дар он аст. Ҳамин гуна шахсе амалҳои аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то инки барои ворид шудан ба дӯзах ҷуз масофаи як зироъ намемонад, ногаҳон тақдир бар ӯ ғолиб омада амале аз амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад.
Аз модари муъминон Умми Абдуллоҳ Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст". Ва дар ривояти дигар аз Муслим омадааст: "Ҳар касе амале анҷом диҳад, ки дар дини мо набошад, пас он мардуд аст".
رواه البخاري ومسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе дар дин кори наве ихтироъ кунад ё коре анҷом диҳад, ки аз Қуръон ва Суннат далеле надошта бошад, он кор ба соҳибаш рад карда мешавад ва назди Аллоҳ пазируфта намешавад.
Аз Абуҳурайра Абдурраҳмон ибни Сахр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) - ро шунидам, ки мегӯяд: "Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, аз он дурӣ биҷӯед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед. Ба дурустӣ, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволҳои бисёрашон ва ихтилофашон бар паёмбарон ҳалок кардааст".
رواه البخاري ومسلمПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мо фаҳмонданд, ки ҳар гоҳ моро аз чизе манъ кунад, воҷиб аст онро пурра тарк намоем, бидуни ҳеҷ истисно. Аммо ҳар гоҳ ба амале фармон диҳад, бар мо воҷиб аст, то қадри тавоноиямон онро анҷом диҳем. Сипас моро ҳушдор доданд, то мисли баъзе аз умматҳои гузашта набошем, ки бисёр саволҳои зиёдатӣ аз паёмбарони худ мекарданд ва ба онҳо итоат намекарданд. Пас, Худованд онҳоро бо намудҳои гуногуни ҳалокат ва азоб ҷазо дод. Аз ин рӯ, набояд мо низ мисли онҳо бошем, то мисли онҳо ҳалок нашавем.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳамоно Худованд пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон, аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон, аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!".
رواه مسلمПаёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло поку муқаддас аст, аз ҳар гуна нуқс ва айб орӣ ва бо тамоми сифатҳои комил ороста аст. Ӯ танҳо амалҳо, гуфторҳо ва эътиқодҳои покро мепазирад, яъне он чи холисона барои Худост ва мувофиқ ба суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Пас, набояд касе ба Аллоҳ наздик шавад, магар бо он чи пок ва дуруст аст. Аз бузургтарин сабабҳои қабул шудани амалҳо, пок будани хӯроки банда аст, яъне аз ҳалол будани ризқаш. Агар хӯрданаш ҳалол бошад, амалаш низ пок мешавад. Бар ҳамин асос, Аллоҳ ба муъминон ҳамон чизеро амр кардааст, ки ба паёмбарон фармудааст: хӯрдани ҳалол ва анҷоми аъмоли солеҳ. Худованд мефармояд: (Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам), дар ҷои дигар мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред). Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хӯрдани ҳаром, ки амалро фосид месозад ва монеи қабул шудани он мегардад, ҳушдор доданд, ҳарчанд инсон тамоми сабабҳои зоҳирии қабулро анҷом диҳад. Аз ҷумлаи ин сабабҳо: Аввал: Сафар кардан ба хотири тоатҳо, монанди ҳаҷ, ҷиҳод, силаи раҳм ва ғайра. Дувум: Зоҳири номураттаб: мӯйҳои парешон ва шона назада, хоколуд, либоси ифлос, яъне дар ҳолати ночорӣ ва ниёзмандӣ. Севум: Дастони худро ба сӯи осмон барои дуо мебардорад. Чаҳорум: Бо номҳои Аллоҳ дуо мекунад ва бо исрор мегӯяд: "Ё Рабб! Ё Рабб!" Аммо бо вуҷуди ин ҳама нишонаҳои иҷобати дуо, дуояш қабул намешавад! (Чаро?) Зеро хӯрокаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва бо ҳаром парвариш ёфтааст. Пас, имкон надорад дуои касе, ки дорои ин гуна хусусиятҳо аст, қабул шавад. Чӣ гуна дуои касе, ки бо ҳаром бузург шудааст, қабул шавад!?