





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абулаббос Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам, ки гуфт: "Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд". Ва дар ривояти ғайри Тирмизӣ чунин омадааст: "(Ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро ҳамроҳат биёбӣ; дар фаровонӣ Худоро бишинос, то Худо туро дар сахтӣ бишиносад. Ва бидон, ки он чи дар сарнавишти ту нест, ба ту нахоҳад расид; ва он чи ба ту расид, наметавонист ба ту нарасад. Ва бидон, ки нусрати Худо ҳамроҳи устуворӣ аст; ва кушоиш ҳамроҳи сахтӣ аст; ва дар ҳақиқат ҳамроҳи ҳар як душворӣ осонӣ аст".
رواه الترمذي وغيرهИбн Аббос (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки вақте хурдсол буд ва ҳамроҳи Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савор буд, он ҳазрат ба ӯ гуфтанд: "Ман ба ту чанд чизро меомӯзонам, ки Худо туро ба онҳо баҳраманд мекунад": Худовандро бо риояи фармудаҳо ва дурӣ аз манъкардаҳояш бо худ бидон, ба гунае, ки Ӯ Таъоло туро дар тоату ибодат ба Худ бинад, на дар гуноҳон ва нофармонӣ. Агар ин гуна амал кардӣ, Ӯ Таъоло туро аз балоҳои дунё ва охират дар паноҳаш нигоҳ медорад ва ҳарҷо ки бошӣ Худо ба ту нусрат медиҳад. Агар чизе мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ, зеро танҳо Ӯ Таъолост, ки ба суолкунандагон посух мегӯяд. Агар ёрӣ мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ. Ба яқин бидон, ки агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, то барои ту манфиат бахшанд, суде ба ту нахоҳад расид, магар он чи Худованд навишта аст ва агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, ки то ба ту зиёне расонанд, зиёне ба ту нахоҳад расид, магар он чи Худованд бароят муқаддар сохта аст. Худованд ин корро навиштааст ва бар асоси илм ва ҳикмати Ӯ Таъоло муқаддар сохта шудааст ва он чи Худованд навишта аст, тағйире надорад. Ва ҳар касе Худоро бо итоат аз фармонҳояш ва дурӣ аз манҳиёташ ҳифз мекунад, пас Худованд низ пешорӯйи банда аст, аз ҳоли ӯ огоҳ аст ва ӯро ҳифз мекунад ва ёрӣ медиҳад. Агар банда дар замони осудагӣ ва неъмат итоати Худоро кунад, Худо дар замони сахтӣ ва тангӣ барояш наҷот ва роҳе барои баромадан медиҳад. Бояд ҳар як банда аз тақдири Худо, хоҳ хайр бошад, хоҳ шар, розӣ бошад. Ва дар вақти сахтӣ ва мусибат сабр намояд, зеро сабр калиди наҷот аст. Ҳар гоҳ тангдилӣ ва бенавоӣ зиёд шавад, пас бидонад, ки наҷот ва кушоиш аз ҷониби Худованд наздик аст. Ва ҳар гоҳ душворӣ ва сахтӣ пеш ояд, ҳатман Худованд ба дунболи он осониро хоҳад фиристод.
Аз Абуамр, дар ривояте, Абуамра Суфён ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
رواه مسلمСаҳобии гиромӣ Суфён ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост, ки барояш суханеро бигӯяд, ки маънои Исломро фарогир бошад, то ба он пойбанд шавад ва дар бораи он аз касе дигар напурсад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барояш гуфт: Бигӯ: Аллоҳро ба ягонагӣ шинохтам ва имон овардам, ки Ӯ Парвардигор ва Илоҳ ва Холиқ ва Маъбуди ба ҳаққи ман аст ва шарике надорад. Сипас бо иҷрои фарзҳои Аллоҳ ва тарки ҳаромкардаҳои Ӯ ва пойдорӣ бар он ба итоати Аллоҳ идома медиҳад.
Аз Абуабдуллоҳ Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: "Марде аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) суол карда пурсид: "Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам ва ба онҳо чизе наафзоям, ба биҳишт дохил мешавам?" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «"Оре".
رواه مسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадиси муборак баён медорад, ки ҳар касе намозҳои панҷгонаро адо кунад, агарчи намозҳои нафлӣ нахонад, ва моҳи рамазонро рӯза дорад ва рӯзаи нафлӣ нагирад, ҳалолро ҳалол донад ва онро анҷом диҳад ва ҳаромро ҳаром донад ва аз он дурӣ ҷуяд, дохили ҷаннат хоҳад шуд.
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Гуфтам: Эй Паёмбари Худо, манро аз коре хабар деҳ, ки манро ба биҳишт дохил кунад ва аз оташи дӯзах дур созад". Фармуданд: "Ба дурустӣ, аз ман дар бораи амри бузурге пурсидӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Саҷда, 32: 16]. Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Паёмбари Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат аз ту ҷудо бод, магар одамонро бар рӯйҳояшон– ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ (-и дӯзах) меафкананд?!" [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
رواه الترمذيМуъоз (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам ва рӯзе ҳангоми роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! барои ман амалеро бигӯ, ки манро ба биҳишт дохил кунад ва аз дӯзах дур созад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Дар бораи чизе аз ман пурсидӣ, ки амал карданаш бар инсонҳо бузург аст. Аммо он бар касе, ки Худо барояш осон гардонад, осон аст. Фарзҳои Исломро анҷом деҳ: Якум: Танҳо Аллоҳро ибодат кун ва касеро бо Ӯ шарик қарор мадеҳ. Дувум: Намозҳои панҷгона (бомдод, пешин, аср, шом, хуфтан)-ро дар шабонарӯз бо шартҳо, аркон ва воҷиботаш анҷом бидеҳ. Севум: Закоти фарзиро бидеҳ. Ин ибодати молист, ки дар ҳар моле, ки ба ҳадди муайяни шаръӣ расида бошад, бароварда ва ба соҳибҳаққонаш дода мешавад. Чаҳорум: Моҳи Рамазонро рӯза бигир. Яъне, худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва дигар ботилкунандаҳои рӯза бо нияти ибодат, аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб. Панҷум: Бо қасди адои маносик ба Макка меравӣ ва бо нияти ибодат ба Худованд ҳаҷҷи байтуллоҳ (Каъба)-ро анҷом медиҳӣ. Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Оё ба он роҳе, ки туро ба сӯи дарҳои некӣ мебарад, роҳнамоӣ кунам? Он роҳ анҷом додани навофил баъди фароиз аст: Аввал: Рӯзаи нафлӣ, ки инсонро аз воқеъ шудан дар гуноҳон нигоҳ медорад, тавассути шикастани шаҳват ва заиф сохтани нерӯи нафс. Дуюм: Садақаи нафл (ихтиёрӣ) гуноҳро пас аз анҷомаш хомӯш мекунад, онро аз байн мебарад ва асарашро пок месозад. Севум: Намози таҳаҷҷуд, ки дар сеяки охири шаб хонда мешавад. Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин оятро хонд: (Паҳлуҳои онҳо аз бистарҳо дур мешаванд) (Парвардигори худро (бо намоз, зикр, тиловат ва дуо) мехонанд) (Аз рӯи тарсу умед ва аз он чи ба онон додаем инфоқ мекунанд, ҳеҷ кас намедонад чи неъматҳое, дар рӯзи қиёмат, ки боиси равшании чашмони онон мешавад ва неъматҳои биҳиштро барояшон ниҳон доштаем), (ҳамчун подоши аъмоле, ки анҷом медоданд). Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Оё туро аз асли дин ва сутуни он, ки ба он такя дода шудааст ва баландтарин қуллаи он хабар диҳам? Муъоз (разияллоҳу анҳу) гуфт: Оре, эй Паёмбари Аллоҳ. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Саромади корҳо ислом шаҳодатайн аст ва бо ин ду инсон соҳиби асли дин мешавад. Ва сутуни он намоз аст, пас ислом бидуни намоз вуҷуд надорад. Чунон ки хона бесутун намешавад, пас ҳар ки намоз хонад динаш муҳкам ва манзилаташ боло меравад ва баландтарин мақоми он ҷиҳод ва кӯшиш намудан дар мубориза ва ҷанг бо душманони дин барои пешрафти дин аст. Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Оё намехоҳӣ аз комилсозӣ ва неку анҷом додани он чи гузашт, туро хабар диҳам? Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба забони худ ишора карда, гуфт: Инро нигоҳ дор (яъне, забонатро) ва дар бораи чизе, ки ба ту рабте надорад, ҳарф мазан. Муъоз гуфт: Оё Парвардигори мо моро ба ҳар чизе, ки ба забон меорем, бозхост ва ҳисобу ҷазо мекунад? Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Фақадатка уммука!" — яъне: Модарат туро гум кунад! Аммо мақсад аз ин лаънат ё дуои бад нест, балки ин ибораест дар забони арабӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ва танбеҳ додан ба чизе муҳим. Сипас фармуданд: Оё мардумро ба хотири ҳосили забонҳояшон (яъне гуфторашон) рӯбарӯ ба дӯзах намеандозад? Аз қабили: куфр, туҳмат, дашном, ғайбат, суханчинӣ, буҳтон ва монанди инҳо.
Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нақл мекунад, ки ӯ дар он чи аз Парвардигор Таборака ва Таъоло ривоят мекунад фармуд: "Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст. Пас, ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ аз даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он ҳам бештар менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо накард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад".
رواه البخاري ومسلم في صحيحيهما بهذه الحروفПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованд некӣ ва бадиҳоро муқаррар намуда сипас бар ду фаришта чигуна навиштани онҳоро баён фармудааст: Ҳар кӣ ирода ва қасди анҷоми амали нек кунад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, агарчи онро анҷом надиҳад. Аммо агар онро анҷом диҳад аз даҳ то ҳафтсад ҳасана ва ҳатто бештар аз он барои ӯ навишта мешавад, ки он вобаста аст ба ихлос дар қалб ва бештар расонидани нафъ бар дигарон ва амалҳои дигаре ҳаммонанди он. Ҳаркӣ ирода ва қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, аммо агар ба сабаби машғул будан ва набуди фурсат барои анҷоми авомили расидан ба он онро тарк намояд чизе барои ӯ навишта намешавад. Агар ба сабаби аҷз ва нотавонӣ онро тарк намояд ончи дар қалб дошт навишта мешавад, аммо дар сурати анҷоми он барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест. Ва бандаи Ман ҳамеша ба воситаи анҷом додани ибодатҳои нофила ба Ман наздиктар мешавад, то Ман ӯро дӯст мегирам, вақте ки Ман вайро дӯст доштам, он гоҳ (нигаҳдорандаи) гӯши ӯ хоҳам шуд, ки ба воситаи он вай хоҳад шунид; ва (нигаҳдорандаи) чашми ӯ, ки ба воситаи он вай хоҳад дид; ва (нигаҳдорандаи) дасти ӯ, ки ба воситаи он вай сахт хоҳад гирифт; ва (нигаҳдорандаи) пойи ӯ, ки ба воситаи он вай ҳаракат хоҳад кард. Ва агар ӯ аз Ман чизе талаб кунад, Ман бетаъхир ба ӯ инро мебахшам, агар ӯ ба паноҳи Ман шитобад, Ман, албатта, ӯро дар паноҳи Худ мегирам!".
رواه البخاريПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қудсӣ хабар доданд, ки Худованд фармудааст: “Ҳар касе, ки ба яке аз авлиёи Ман озор расонад, ӯро озурда ва бад бинад, пас Ман ба ӯ эълон мекунам, ки бо ӯ душманӣ мекунам.” Валӣ: муъмини парҳезгор аст. Ба қадри имон ва тақвои банда, саҳми ӯ аз вилояти Худованд хоҳад буд. Беҳтарин чизе, ки як мусалмон метавонад тавассути он ба Парвардигораш наздик шавад, анҷом додани амалҳои маҳбуби Худованд, аз фарзҳо ва воҷибҳо ва тарки муҳаррамоти Ӯ аст. Ва мусалмон ҳамеша бо адои навофил дар баробари фарзҳо ба Парвардигори худ наздик мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст меорад. Агар Худованд бандаро дӯст дорад, дар ин чаҳор узв ӯро ёрӣ ва ҳидоят мекунад. Яъне, Худованд ӯро роҳнамоӣ мекунад ва дар ҳар кори хайр мададгораш мешавад: Худованд ӯро дар гӯшаш роҳнамоӣ мекунад, пас ба чизе гӯш намедиҳад, магар он чизе, ки Худовандро хушнуд месозад. Худованд ӯро дар чашмаш раҳнамоӣ мекунад, пас намегузорад, ба ҷуз он чи Худованд дидани онро дӯст дорад ва аз он розист, чизи дигареро нигоҳ кунад. Худованд ӯро дар дасташ роҳнамоӣ мекунад, пас бо дасти худ фақат кореро анҷом медиҳад, ки хушнудӣ ва розигии Худованд дар он аст. Худованд ӯро дар пойҳояш роҳнамоӣ мекунад, танҳо ба тарафе меравад, ки хушнудӣ ва розигии Худованд дар он аст ва ҷуз дар роҳи хайру некӣ ҳаракат намекунад. Ва бо ин ҳама, агар аз Худованд чизе талаб кунад, Худованд ба ӯ он чизро ато мекунад, дуояш мустаҷоб мешавад. Ва агар ба Худо паноҳ барад ва аз Ӯ ҳифозат хоҳад, Худованд ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чизе, ки метарсад, муҳофизаташ мекунад.
Аз Абуабдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад".
رويناه في كتاب الحجة بإسناد صحيحПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки инсон дорои имони комил ва воҷиб намегардад, магар вақте ки муҳаббати ӯ мутобиқи он чи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, аз амрҳо, наҳйҳо ва дигар чизҳо, бошад. Яъне, бояд он чи ӯ амр кардааст, дӯст бидорад ва он чи наҳй кардааст, бад пиндорад ва аз он дур бошад.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он, ки он хислатро тарк намояд: Чун сухан бигӯяд, дурӯғ гӯяд; агар ваъда диҳад хилофи ваъдааш амал кунад; агар душманӣ кунад аз ҳад мегузарад; агар аҳду паймон бибандад, хиёнат кунад".
رواه البخاري ومسلمПаёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз чаҳор хислат ҳушдор доданд, ки агар дар як мусалмон ҷамъ шаванд, ӯ ба сабаби ин хислатҳо ба мунофиқон шабоҳати сахт пайдо мекунад. Ин ҳукм барои касест, ки ин хислатҳо дар ӯ ғолиб ва доимӣ бошанд. Аммо касе, ки гоҳ-гоҳ чунин амал кунад, ин таҳдид ӯро дар бар намегирад. Он хислатҳо иборатанд аз: Якум: Вақте ҳарф мезанад қасдан дурӯғ мегӯяд ва дар гуфтораш ростӣ нест. Дувум: Вақте аҳду паймон мебандад, ба аҳдаш вафо намекунад ва ба он касе, ки бо ӯ аҳд бастааст, хиёнат мекунад. Севум: Вақте ваъда медиҳад, ба ваъдааш вафо намекунад ва хилофи он амал мекунад. Чаҳорум: Вақте баҳсу ҷанҷол мекунад, аз ҳақ берун меравад, бо макр ва ҳила ҳақро рад мекунад ва дурӯғу ботил мегӯяд. Нифоқ ин аст, ки шахс чизеро изҳор мекунад, ки дар ботин хилофи онро дорад. Ва ин маънӣ дар касе, ки ин хислатҳоро дорад, мавҷуд аст. Нифоқи ӯ дар ҳаққи касе аст, ки бо ӯ ҳарф задааст, ваъда кардааст, ӯро амин шуморидааст, бо ӯ баҳсу ҷанҷол кардааст ва бо ӯ аҳду паймон бастааст, на ин ки ӯ дар ислом мунофиқ бошад, ки зоҳир исломро қабул дорад ва ботинан кофир аст. Аммо касе, ки яке аз ин хислатҳоро дорад, дар ӯ нишонаи нифоқ ҳаст, то он ки онро тарк намояд.
Аз Оиша ва Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд: Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.
متفق عليهОиша ва ибни Аббос (разияллоҳу анҳум) моро хабар доданд, ки ҳангоме марг ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик шуд, пораи матоъеро ба рӯйи худ мегузошт ва агар нафаскашӣ ба сабаби сакароти мавт барояш душвор мегашт онро аз чеҳрааш дур мекард ва дар он ҳолати сахт гуфт: Худованд яҳуду насороро лаънат кунад ва аз раҳматаш дур кунад. Зеро онон бар сари қабрҳои паёмбаронашон масҷидҳо сохтанд ва агар хатарнокӣ ва аҳамияти ин масъала намебуд, дар чунин шароите онро зикр намекарданд. Барои ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро аз монанд кардан ба онон дар ин кор наҳйи кардаанд. Зеро ин амали яҳудиён ва насрониён аст ва василае аст барои ширк ба Аллоҳи бузург.