





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Варрод, котиби Муғира ибни Шуъба ривоят аст, ки гуфт: Муғира дар номае, ки барои ӯ ба Муъовия менавиштам чунин гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз чунин мегуфтанд: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ атокунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ҳар намози фарз чунин мегуфт: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ ато кунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад." Яъне: Ман ба калимаи тавҳид иқрор ва эътироф мекунам, ки "Ло илоҳа илла Аллоҳ" аст. Бинобар ин ибодати ҳақиқиро танҳо барои Аллоҳ собит мекунам ва аз ғайри Ӯ нафйи мекунам. Пас маъбуди барҳақ нест, ҷуз Аллоҳ Таъоло. Ва иқрор дорам, ки фармонравоии ҳақиқӣ ва комил азони Аллоҳ аст. Ва ҳама ҳамди аҳли осмонҳо ва замин шоистаи Аллоҳ Таъоло аст, зеро Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст. Ва он чи Аллоҳ тақдир намудааст, - ато кардан бошад ё боздоштан - боздоранда ва манъкунандае надорад. Ва сарвати сарватманд назди Ӯ суде барояш надорад, балки амали неки ӯст, ки судманд аст.
Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт.
رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمدПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақти нишастан байни ду саҷда ин дуоро "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт ва онро такрор мекард. Ва маънои ин дуо дархости банда аз Парвардигораш аст, ки гуноҳонашро маҳв намояд ва айбҳояшро бипӯшонад.
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки соли фатҳи Макка, замоне ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҷо буд, аз ӯ шунидааст, ки фармуданд: "Худованди Мутаъол ва Расули Ӯ хариду фурӯши шароб, худмурда, хук ва бутҳоро ҳаром гардонидаанд». Касе гуфт: Ё Расулаллоҳ, дар мавриди чарбии худмурда, ки мардум аз он дар сохтани киштиҳо ва равған додани пӯстҳо ва рӯшан кардани чароғҳо истифода мекунанд, чӣ мегӯед? Фармуданд: «На, ҳаром аст». Ва дар ақиби ин сухан фармуданд: «Худованд яҳудро нобуд кунад, вақте ки Худованди Мутаъол чарбии (ҳайвонот)-ро бар онҳо ҳаром намуд, онро об намуда равғанашро гирифта, сипас онро фурӯхтанд ва пулашро хӯрданд".
متفق عليهАз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки соли фатҳи Макка, замоне ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҷо буд, аз ӯ шунидааст, ки фармуданд: Ҳамоно Аллоҳ ва паёмбараш хариду фурӯши шароб, худмурда, хук ва бутҳоро ҳаром карданд. Пас, касе пурсид: Эй Расули Худо, оё метавонем чарбии ҳайвони худмурдаро бифурӯшем? Зеро он барои чармсозӣ, равған кардани киштиҳо ва мардум аз он барои равшан кардани чароғҳо истифода мекунанд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: На, фурӯши он ҳам ҳаром аст. Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Худованд яҳудиёнро ҳалок ва лаънат кард, зеро вақте Худо чарбии ҳайвонро бар онҳо ҳаром кард, онҳо онро об карданд, равған гирифтанд ва онро фурӯхтанд ва пули онро хӯрданд (яъне қоидаи ҳаромро бо ҳила шикастанд).
Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (Салалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Саҳмҳои меросро ба соҳибонашон бидиҳед. Он чи боқӣ монад барои наздиктарин мард (аз хешовандон) аст".
متفق عليهПаёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба касоне, ки меросро тақсим мекунанд, фармон дод, ки тақсими мерос миёни мустаҳиққони он бояд бо адолат ва мувофиқи шариат бошад, ҳамонгуна ки Аллоҳ Таъоло хостааст. Соҳибони саҳмҳои муайян, ки саҳмҳояшон дар Қуръони Карим муайян шудааст, яъне дуто сеяк, сеяк, шашяк, нисф, чаҳоряк ва ҳаштяк ба соҳибони ҳаққи мерос дода шавад. Қисми боқимонда бошад, ба наздикони марде, ки фавтидааст, аз наздиктарин ҷинси мардон дода мешавад, ки онҳоро "асаба" меноманд.
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) чунин ривоят аст: "Гурӯҳе аз ёрони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, сарватмандон ҳама савобҳоро бо худ бурданд. Онҳо айнан монанди мо намоз мегузоранд; ва айнан монанди мо рӯза медоранд; ва боз аз молҳои зиёдатиашон садақа мекунанд". Пас гуфт: «Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст». Гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, агар яке аз мо шаҳваташро (дар ҳамсараш) сарф кунад, дар ин барои ӯ савоб бошад?" Гуфт: «Оё медонед, ки агар шаҳваташро дар ҳаром сарф кунад, барои ӯ гуноҳе ҳаст?! Пас, ҳамчунин агар онро дар ҳалол бигузорад, барои ӯ савоб бошад".
رواه مسلمБаъзе аз саҳобагони фақир, вазъияти худро ба Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят карданд ва гуфтанд, ки мо наметавонем мисли бародарони сарватмандамон бо мол садақа диҳем, то подоши зиёде ба даст орем ва кори нек анҷом диҳем. Онҳо намоз мехонанд, чунон ки мо мехонем, рӯза медоранд, чунон ки мо рӯза медорем, аммо бо молу амволи зиёдатии худ садақа медиҳанд, аммо мо чунин тавон надорем. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро ба садақаҳое роҳнамоӣ кард, ки тавон доранд. Паёмбар гуфт: Оё Худо барои шумо он чизеро, ки садақа мекунед, бар зидди нафси худ қарор надодааст?! Пас, “Субҳоналлоҳ” гуфтанатон барои шумо садақа аст, ҳамчунин “Аллоҳу Акбар”, “Алҳамдулиллоҳ” ва “Ло илаҳа иллаллоҳ” гуфтан ҳама садақа ҳастанд. Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар низ садақа аст, ҳатто дар вақти муошират бо ҳамсаратон ҳам садақа ҳаст. Онҳо таъаҷҷуб карданд ва гуфтанд: "Эй Расули Худо, оё касе метавонад шаҳваташро бароварда созад ва барои он аҷру савоб дошта бошад?!" Фармуданд: "Оё фикр мекунед, агар онро дар ҳаром, мисли зино ё ғайра сарф кунад, оё бар ӯ гуноҳ аст? Ҳамин тавр, агар онро дар ҳалол сарф кунад, барои ӯ подош аст".
Аз Амирулмуъминин Абуҳафс, Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад. Пас ҳар ки ба сӯйи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кард, ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ва ҳар кас, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба хотири издивоҷ бо зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чизе аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст".
رواه إماما المحدثين أبو عبد الله محمد بن إسماعيل بن إبراهيم بن المغيرة بن بردزبه البخاري وأبو الحسين مسلم بن الحجاج بن مسلم القشيري النيسابوري في صحيحيهما اللذين هما أصح الكتب المصنفةПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки амалҳои бандагон вобаста ба ниятҳои худи онҳо аст, ки ин як ҳукми умумӣ ва фарогири тамоми ибодот ва муомилот аст. Пас ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ҳадафи муаян ният кунад, ҳамонро ба даст меорад ва барояш подош нахоҳад буд. Ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ризои Худованд анҷом медиҳад, барояш аҷр ва подоши нек хоҳад буд, агарчи як амали кам ва оддӣ бошад, монанди хурдан ва нӯшидан. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тавзеҳи бештари таъсири ният бар амалҳо, ки дар зоҳир барои мо яксон вонамуд мешаванд, мисолҳо оварда баён намуданд, ки ҳар касе аз ватани худ барои дарёфти ризо ва хушнудии Парвардигораш ҳиҷрат кунад, ҳиҷрати шаръӣ ва писандида аст ва барои нияти содиқонаи худ соҳиби аҷр ва савоб мегардад, ва ҳар касе ҳадаф аз ҳиҷраташ дарёфти манфиати дунявӣ, аз ҷумла мол, мансаб, тиҷорат ва ё издивоҷ бошад, аз он ҳиҷрат танҳо ҳамон чизе, ки барои расидан ба он қасд карда буд дармеёбад ва аз аҷру подош баҳрае нахоҳад бурд.
Аз Абуабдуллоҳ Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) - ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон шавад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".
رواه البخاري ومسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси мазкур як қоидаи умумиеро баён намуданд, ки дар шариати мо тамоми ашё ба се даста тақсим мешаванд: ҳалол, ки ошкору равшан аст ва ҳаром, ки низ ошкору равшан аст ва миёни ин ду ашёи дигар вуҷӯд, дорад, ки ҳалол ва ё ҳаром будани онҳо баён ва равшан нашудааст, ки он муштабиҳот номида мешавад ва бисёри аз мардум ҳукми онро намедонанд. Пас ҳар кас муштабеҳотро тарк намояд, дини худро аз воқеъ шудан дар ҳаром ҳифз кардааст ва обуруи худро аз сухани мардум дар мавриди инки ӯро ба хотири иртикоби муштабиҳот сарзаниш мекунанд, дар амон нигоҳ доштааст. Касе аз муштабеҳот дурӣ накунад, ё худро дар ҳаром андохтааст ё дар назди мардум беобрӯ шудааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касеро, ки дар умури муштабеҳот воқеъ мешавад ба монанди чӯпоне ташбеҳ кардааст, ки чорвои худро атрофи замине мечаронад, ки марзбандӣ шудааст ва хавфи ворид шудани чорво ба онҷо аст. Пас ҳамин гуна ҳар касе кори шубҳанокеро анҷом диҳад, наздик ба ҳаром гашта хавфи ворид шудан ба онро дорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки дар ҷисми инсон гӯштпорае аст, ки бо салоҳи он тамоми бадан ба салоҳ меояд ва бо фосид шудани он тамоми бадан фосид мешавад, ки он қалб аст.
Аз Абуҳамза Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ходими Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
متفق عليهПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳеҷ мусалмоне наметавонад имони комилро ба даст орад, то он чиро, ки худаш аз тоату амалҳои гуногун дар дин ва дунё дӯст медорад, барои бародари (муъмини) худ дӯст бидорад ва он чиро, ки барои худ бад мебинад, барои ӯ низ бад бинад. Агар дар дини бародари мусалмонаш нуқсоне бубинад, барои ислоҳаш саъй кунад ва агар дар ӯ хайре бубинад, ӯро роҳнамоӣ кунад, кумакаш кунад ва дар умури дин ва зиндагии дунявӣ пандаш диҳад.
Аз Абумасъуд, Уқба ибни Амри Ансории Бадрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].
رواه البخاريПаёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки яке аз васиятҳое, ки аз паёмбарони пешин омадааст ва мардум онро дар байни худ паҳн намуда, аз насл ба насл мерос гирифтаанд, то ба аввали ин уммат расидааст, чунин аст: Ба он чи мехоҳӣ анҷом диҳӣ, назар кун, агар он чизе бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё нагардад, пас анҷомаш деҳ, аммо агар амале бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё гардад, пас онро тарк кун. Зеро шарму ҳаё монеи асосии анҷоми корҳои зишту нораво аст. Ҳар касе, ки ҳаё надошта бошад, ба ҳар гуна фаҳшо ва амали зишт гирифтор мешавад.