





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд".
رواه الإمام أحمد والترمذي والنسائي وابن ماجه وابن حبان في صحيحه والحاكمПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.
Аз Нувос ибни Самъон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд". Аз Вобиса ибни Маъбад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Назди Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадам, пас фармуд: "Оё омадӣ, ки дар бораи некукорӣ ва гуноҳ савол кунӣ?" Гуфтам: Бале. Фармуд: "Аз қалбат фатво бигир. Некукорӣ он аст, ки нафс ба он ором гирад ва дил ба он итминон ёбад. Ва гуноҳ он аст, ки дар нафс тардид оварад, агарчи мардум бароят фатво диҳанд ва фатво диҳанд".
الحديث الأول: رواه مسلم، والحديث الثاني: رواه أحمد والدارميПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи некукорӣ ва гуноҳ хабар доданд. Фармуданд, ки аз бузургтарин сифатҳои некӣ — ахлоқи нек бо Аллоҳ Таъоло тавассути тақво; ва бо мардум, тавассути таҳаммули озор, камхашмӣ, чеҳраи кушода, сухани нарм, пайвандӣ, итоат, меҳрубонӣ, некукорӣ ва ҳамнишинии нек аст. Ва некӣ он чизест, ки қалб ва нафс ба он ором мегиранд. Аммо гуноҳ он чизест, ки дар нафс эҳсоси нороҳатӣ ва шубҳа ба вуҷуд меорад, ки дил ба он ором намегирад ва тарсе дар дил пайдо мешавад, ки мабодо гуноҳ бошад ва шубҳа боқӣ мемонад. Агар шахс аз ошкор кардани он амали худ шарм медорад, зеро дар назди мардум ва шахсиятҳои бообурӯ зишт менамояд, пас, он гуноҳ аст, на некӣ. Зеро нафс табиатан мехоҳад, ки мардум аз корҳои некаш огоҳ шаванд. Пас, агар инсон нахоҳад, ки ин амалҳояш назди дигарон ошкор шаванд, ин аломати гуноҳ будани он амал аст. Ҳатто агар олимон ва мардум барои ту он амалро ҳалол бидонанд, ту набояд онро то замоне ки шубҳа дар дили ту боқист, анҷом диҳӣ. Зеро агар шубҳа дуруст бошад, фатво онро аз байн намебарад, зеро муфтӣ шояд бар асоси далели шаръӣ фатво надодааст. Аммо агар фатво бар асоси далели шаръӣ бошад, бар ту лозим аст, ки ба он амал кунӣ, ҳатто агар нафси ту ба он майл надошта бошад.
Аз Абдулло ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде ба назди Паёмбар(Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Худо ба дурустӣ, ки фармудаҳои Ислом бар мо хеле бисёр шудааст, оё ягон амале ҳаст, ки бо анҷом доданаш ҳамаи амалҳоро шомил шавад? Фармуданд: "Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ Таъоло тар нигаҳдор". Дар ривояти дигаре аз ҳадиси Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) омадааст: "Охирин чизе, ки ман бо он аз Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷудо шудам, ин буд ки пурсидам: Кадом амал беҳтарин ва наздиктарин ба Худо аст? Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Он ки дар ҳоле бимирӣ, ки забонат аз зикри Худои Азза ва Ҷалла тар бошад".
رواه أحمد والترمذي وابن ماجه وابن حبانМарде назди Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ибодатҳои нафлӣ (яъне суннату мустаҳабҳо) барояш бисёр шудаанд ва ба сабаби заъфаш аз иҷрои онҳо оҷиз мондааст. Сипас аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳиш кард, ки амали осонеро ба ӯ нишон диҳад, ки савоби бисёр дошта бошад ва битавонад ба он амал чанг занад ва пойбанд бошад. Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро роҳнамоӣ кард, ки ҳамеша забонаш ба зикри Худованд, дар ҳар вақт ва ҳар ҳолат тар бошад, ба монанди тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳмид (алҳамдулиллоҳ), истиғфор (астағфируллоҳ), дуо ва дигар зикрҳои ба ин монанд.
Аз Абубакра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобагонашро аз бузургтарин гуноҳони кабира хабар додааст, аз он ҷумла сетояшро зикр кардааст: 1. Ширк овардан ба Аллоҳ, ки иборат аст аз: Анҷом додани ҳар навъ аз ибодат барои ғайри Аллоҳ ва баробар кардани ғайри дигар чиз ба Аллоҳ дар улуҳият, рубубият ва номҳову сифатҳои Ӯ. 2. Нофармонӣ аз падару модар: Озор додани падару модар бо гуфтор, рафтор ва беэътиноӣ ва тарки некӣ кардан ба онҳо. 3. Сухани бардурӯғ ва аз ҷумлаи сухани дурӯғ, ин шаҳодати бардурӯғ аст. Ва он иборат аст аз ҳар сухани дурӯғе, ки бо ҳадафи таҳқиру кам шумурдани шахсе дар баробари ба даст овардани мол ё дастдарозӣ ба номусу обурӯйи он шахс ва монанди ин корҳо сурат мегирад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба сухани дурӯғ ва барои зишт будан ва осори баде, ки бар ҷомеа мегузорад, такрор ба такрор ҳушдор доданд. То ҷое, ки саҳоба аз рӯйи дилсӯзӣ барои он ҳазрат ва бад донистани он чи сабаби озори Ӯ мешавад, гуфтанд, ки кош ин гуфтаро зиёд идома намедоданд.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".
رواه البخاريПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба баёни гуноҳони кабира пардохтанд ва манзур аз гуноҳони кабира он гуноҳоне ҳастанд, ки анҷомдиҳандааш ба ваъиди шадид дар дунё ва охират таҳдид шудааст. Нахустини он гуноҳон "Ширк овардан ба Аллоҳ" аст. Ширк, яъне анҷом додани ҳар ибодате барои ғайри Аллоҳ ва баробар сохтани касе ё чизе ба Аллоҳ дар яке аз хусусиятҳои улуҳият ва рубубият ва номҳову сифатҳои Аллоҳ аст. Дувум: "Оқи волидайн", яъне, ҳар амале, ки ба падару модар озор мерасонад, чи дар гуфтор ва чи дар рафтор бошад (оқи волидайн) аст. Инчунин беэътиноӣ ва некӣ накардан дар ҳаққи онҳо низ (дар ин гуноҳ) шомил мешавад. Ва сеюм: "Куштани инсон", албатта, агар куштани ноҳақ бошад, монанди куштан аз рӯйи зулм ва таҷовуз дар ҳаққи дигаре. Чаҳорум: "Савганди бардурӯғ", яъне савганде, ки шахси савгандхӯрда медонад, ки савгандаш дурӯғ аст. Ин савгандро "ғамус" (ғутавар) ном ниҳодаанд, ки соҳибашро дар гуноҳ ё дар оташи дӯзах ғутавар месозад.
Аз Абузар, Ҷундуб ибни Ҷунода ва Абуабдурраҳмон, Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"
رواه الترمذيПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба се чиз амр намудааст: Якум: Парҳезгорӣ аз Аллоҳ Таъоло, бо анҷом додани воҷиботаш ва тарк намудани муҳаррамоташ, дар ҳар макон, замон ва ҳолат, пинҳон ва ошкоро, дар неъмат ва мусибат ва ғайра. Дуюм: Агар муртакиби гуноҳе шудӣ, пас аз он кори неке анҷом деҳ, аз қабили намоз, садақа, некӣ ба мардум, силаи раҳм, тавба ва ғайра. Зеро ин амали нек гуноҳро пок месозад. Сеюм: Бо мардум бо ахлоқи нек муомила кун, аз қабили табассум дар рӯйи онҳо, нармӣ ва мулоимат, кумак кардан ба дигарон ва манъи озору азияти мардум.
Аз Хавлаи Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам ки мегуфт: "Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст".
رواه البخاريПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҳоли касоне хабар додааст, ки моли мусалмононро ба ноҳақ мегиранд ва зери тасарруфи худ меоранд, яъне аз роҳи ғайри ҳалол ва нораво онро ҷамъ меорад ва онро дар ҷои худ сарф намекунад, ба монанди моли ятимон, амволи вақф, хиёнат дар амонат ва гирифтани мол аз буҷаи умумӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки подоши онон дар рӯзи қиёмат оташи дӯзах аст.
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд: "Ҳар кори нек садақа аст".
رواه البخاري من حديث جابر، ورواه مسلم من حديث حذيفةПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ҳар амали нек ва ҳар ончи ба дигарон суд мерасонад, чӣ дар сухан бошад ё дар амал, садақа аст ва савобу подош дорад.
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ".
رواه مسلمПаёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба анҷоми амалҳои нек ва кам надонистани он, агарчи андак бошад ҳам, ташвиқ ва водор намудаанд, аз ҷумла бо чеҳраи кушода мулоқот кардан бо дигарон. Бинобар ин шахси мусалмон бояд ба он аҳамият диҳад, зеро он боиси тасаллӣ ва шод шудани бародари мусалмон мешавад.