





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)".
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати намозро дар масҷиди худ баён кардааст, ки савоби он беҳтар аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигари рӯи замин аст, магар Масҷидулҳаром дар Макка. Зеро намоз дар ин масҷид фазилаташ бештар аз намоз дар масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.
Аз Абуқатодаи Сулламӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки дар ҳар вақте ва барои ҳар коре ба масҷид даромад, ташвиқ карданд, ки пеш аз нишастанаш ду ракаъат намоз бихонад, ва ин ду ракаъат "таҳияи масҷид" ном дорад.
Аз Абуҳумайд ё Абуусайд ривоят аст, ки гуфт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро ба дуое, ки ҳангоми ворид шудан ба масҷид гуфта мешавад, ҳидоят кард: (Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун), пас аз Аллоҳ Таъоло талаб мекунад, ки асбоби раҳматашро барои ӯ фароҳам оварад. Ва чун хост аз масҷид берун равад, бигӯяд: (Бор илоҳо, аз фазли Ту металабам), пас аз Аллоҳ Таъоло фазли Ӯ ва эҳсони бештари Ӯ аз ризқи ҳалолро бихоҳад.
Аз Солим ибни Абулҷаъд ривоят аст, ки гуфт: Марде гуфт, ки кош намоз мехондам ва роҳат мешудам. Гӯё сухани ӯро бад шумориданд. Пас, ӯ гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ."
رواه أبو داودМарде аз асҳоб гуфт: Кош намоз мехондам ва истироҳат мекардам, гӯё атрофиёнаш ӯро дар ин кор маломат карданд, пас гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд: Эй Билол! Барои намоз азон бигӯ ва намозро қоим бидор, то онро адо кунем ва бо он осуда шавем. Зеро намоз шомили муноҷот бо Аллоҳ ва роҳате барои руҳу дил аст.
Аз Абуҳозим ибни Динор ривоят аст, ки гуфт: Мардоне назди Саҳл ибни Саъди Соъидӣ рафтанд ва дар бораи минбари (Паёмбар), ки чӯбаш аз чӣ аст, баҳс карданд. Ӯ ба онҳо гуфт: Савганд ба Аллоҳ ман медонам, ки аз чист ва ман онро дар аввалин рӯзе, ки ниҳода шуд ва аввалин рӯзе, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он нишаст, дидам. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди фалон зан - зане аз ансор, ки Саҳл номи ӯро зикр кард - фиристод ва хитоб ба эшон фармуд, ки " Ғуломатро, ки наҷҷор аст амр кун, то барои ман чӯбҳое (минбаре аз чӯб) бисозад, то ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам". Пас, он зан ғуломашро амр кард ва ӯ онро аз дарахтони Тарфаи ғоба (ҷое дар беруни Мадина дар тарафи Шом) сохт ва сипас онро овард. Он зан онро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон низ амр карданд, ки инҷо ниҳода шавад. Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки (барои омӯзиши мардум) бар он (минбар) намоз хонд ва дар ҳоле ки бар он буд, такбир гуфт ва сипас дар ҳоле ки бар он буд, ба рукуъ рафт ва сипас ба пушти сар поин омад ва дар (канори) пояи минбар саҷда кард ва сипас (ба рӯйи он) бозгашт ва вақте ки (намозашро) ба охир расонд, фармуд: "Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред."
متفق عليهМардоне назди яке аз асҳоб омада, дар бораи минбари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), (ки барои хутбаи худ қарор дода буд) пурсиданд, ки аз чӣ сохта шудааст? Онон дар ин бора бо ҳам ҷадал ва ниқош карда буданд. Пас ба онон гуфт, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди зане аз ансор, ки хидматгори наҷҷор дошт қосиде фиристод ва фармуд: Хидматгори наҷҷоратро амр кун то барои ман минбаре аз чӯб бисозад, ки ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам. Он зан низ қабул кард ва ғуломашро амр кард, ки барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) минбаре аз чӯби тарфа бисозад ва чун корашро ба охир расонд, он зан минбарро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон амр карданд, то онро дар маконаш дар масҷид қарор диҳанд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки бар болои он буданд, такбир гуфтанд ва сипас бар рӯи он ба рукуъ рафтанд, сипас ақиб омада бидуни он ки рӯяшонро ба қафо бигардонанд ва бар рӯйи замин канори пояҳои минбар саҷда карданд ва сипас ба рӯи минбар бозгаштанд ва чун намозро ба поён расониданд, рӯ ба мардум карданд ва фармуданд: Эй мардум! Ман ин корро кардам, то аз ман улгу бигиред ва намози манро ёд бигиред.
Аз Ҳиттон ибни Абдуллоҳи Раққошӣ ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Абумӯсои Ашъарӣ намоз хондам, пас ҳамин ки дар нишастани намоз будем, марде аз миёни ҷамъ гуфт: Намоз дар Қуръон бо некӯкорӣ ва закот омадааст. Ровӣ мегӯяд: Вақте Абӯмусо (ки имом буд) намозро ба поён расонид ва салом дод, баргашт ва гуфт: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт? Касе чизе нагуфт. Сипас (дубора) пурсид: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт? Мардум сокит монданд. Сипас гуфт: Эй Ҳиттон шояд ту он суханро гуфтӣ? Гуфт: Ман нагуфтам ва тарсидам, ки манро ба он муттаҳам ва тавбихам кунӣ. Пас марде аз қавм гуфт: Ман онро гуфтам ва қасде ҷуз хайр надоштам. Абумӯсо гуфт: Магар намедонед дар намозатон чӣ бигӯед? Ҳамоно Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мо хутба гуфт ва суннати моро бароямон баён кард ва намозамонро ба мо омӯзиш дод ва фармуд: "Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед. Ва чун гуфт: (Ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) (Фотиҳа, ояти 7) омин бигӯед, то Аллоҳ шуморо иҷобат кунад. Ва чун такбир гуфт ва ба рукуъ рафт, такбир бигӯед ва ба рукуъ равед, зеро имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад ва пеш аз шумо аз рукуъ бармехезад". Онгоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ин дар баробари он. Ва чун (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) гуфт, бигӯед: (Аллоҳумма рабано лакал-ҳамд) Аллоҳ садои шуморо мешунавад. Зеро Аллоҳ бар забони Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳ шунид он ки ҳамдашро гуфт). Ва чун такбир гуфт ва ба саҷда рафт, такбир бигӯед ва ба саҷда биравед. Зеро имом пеш аз шумо ба саҷда меравад ва пеш аз шумо аз саҷда бармехезад." Онгоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пас ин дар баробари он, ва чун дар нишастани намоз (барои ташаҳҳуд) буд, аввалин сухани шумо ин бошад: Аттаҳиётут-тайиботус-салавоту лиллоҳи. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳи-с-солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу."
رواه مسلمСаҳобии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Абӯмусои Ашъарӣ намозеро барои мардум имоматӣ кард, чун дар нишасте, ки дар он ташаҳҳуд хонда мешавад, нишаста буд, яке аз намозгузорон чунин гуфт: Намоз дар Қуръон ҳамроҳ бо некӯкорӣ ва закот омадааст. Вақте Абӯмусо намозро ба поён расонид рӯ ба намозгузорон кард ва гуфт: Кадоме аз шумо ин суханро гуфт, ки дар Қуръон намоз ҳамроҳ бо некӯкорӣ ва закот омадааст? Мардум сукут карданд ва касе чизе нагуфт. Бинобар ин саволашро дубора такрор кард ва чун касе посухашро надод, гуфт: Эй Ҳиттон шояд ту он суханро гуфтӣ? Зеро Ҳиттон ҷасур буд ва ба ӯ наздик буд ва муттаҳам кардани ӯ ба вай озор намерасонд ва ин кор сабаб мешуд, ки гӯяндаи асосӣ эътироф кунад. Ҳиттон ин иттиҳомро нафйи кард ва гуфт: Тарсидам, ки ба гумони он ки ман онро гуфтаам манро тавбих кунӣ, дар ин ҳолат марде аз миёни мардум гуфт: Ман онро гуфтам ва қасде ҷуз хайр надоштам. Абӯмусо дар мақоми муаллим гуфт: Оё намедонед дар намозатон чӣ бигӯед? Ва ин ба таври истинкор аз ҷониби ӯ буд, сипас Абӯмусо баён намуд, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онон хутба хонд ва шариаташонро барояшон баён кард ва намозашонро ба онон ёд дод, пас фармуд: Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед ва дар он рост ва ба эътидол биистед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед. Ва чун Фотиҳаро хонд ва ба инҷо расид: (Ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) (Сураи Фотиҳа, ояти 7) омин бигӯед. Агар чунин кунед Аллоҳ дуои шуморо истиҷобат кунад. Ва чун такбир гуфт ва ба рукуъ рафт, такбир бигӯед ва ба рукуъ равед, зеро имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад ва пеш аз шумо аз рукуъ бармехезад, аз ӯ пешӣ накунед ва пеш аз имом ба рукуъ наравед ва пеш аз имом аз рукуъ нахезед. Зеро он лаҳзае, ки имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад, бо он лаҳзае, ки шумо баъд аз имом аз рукуъ бармехезед ҷуброн мешавад. Ва бо ин миқдори рукуъи шумо бо рукуъи имом баробар мешавад. Ва чун имом (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) гуфт, бигӯед: (Аллоҳумма рабано лакал-ҳамд). Зеро ҳаргоҳ намозгузорон инро бигӯянд, Аллоҳ Таъоло садо ва дуояшонро мешунавад. Чун Аллоҳ бар забони Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ - Аллоҳ шунид он ки ҳамдашро гуфт). Ва чун имом такбир гуфта ва ба саҷда рафт, касоне, ки аз пушти имом намоз мегузоранд такбир бигӯянд ва ба саҷда раванд. Зеро имом пеш аз онҳо ба саҷда меравад ва пеш аз онҳо аз саҷда бармехезад. Пас он лаҳза дар баробари ин лаҳза аст, ва саҷдаи намозгузорон ба андозаи саҷдаи имом мешавад. Ва ҳаргоҳ вақти нишастан барои ташаҳҳуд буд, нахустин чизе, ки намозгузор мегӯяд, бояд ин бошад: (Аттаҳиётут-тайиботус-салавоту лиллоҳи), яъне: Мулк, боқӣ мондан ва азамату бузургӣ ҳамааш шоистаи Аллоҳ аст. Ва ҳамин гуна намозҳои панҷгона ҳамаааш шоистаи Аллоҳ аст. (Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин), яъне: Аз Аллоҳ Таъоло саломатӣ аз ҳар айбу офат ва нақсу фасодро хоҳонам ва саломи хосро ба паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунам ва сипас бар худамон салом мефиристем ва сипас бар бандагони некукори Аллоҳ, ки ҳуқуқи Аллоҳ Таъоло ва ҳуқуқи бандагонашро ба ҷо меоранд. Сипас гувоҳӣ медиҳем, ки нест маъбуди бар ҳақ, ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳем, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки: Ӯ дар ҳар намози фарзӣ ва ғайри фарзӣ, дар рамазон ва ғайри рамазон (дар оғози он) такбир мегуфт ва сипас ҳангоми рукуъ такбир мегуфт, сипас мегуфт: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) ва пеш аз ба саҷда рафтан (Раббано ва лакал-ҳамд) мегуфт. Сипас ҳангоми ба саҷда рафтан такбир мегуфт, ва ҳангоми аз саҷда сар бардоштан такбир мегуфт. Сипас ҳангоми ба саҷда рафтан такбир мегуфт ва ҳангоми аз саҷда сар бардоштан такбир мегуфт. Сипас ҳангоми бархостан аз нишаст дар ракаъати дуввум такбир мегуфт ва инро дар ҳар ракаъат анҷом медод, то ин ки намозашро ба поён мерасонд. Сипас баъд аз поёни намоз мегуфт: Савганд ба оне, ки ҷонам дар дасти Ӯст, намози ман монандтар аз намози шумо ба намози Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ин намози Ӯ то аз дунё рафтанаш буд.
متفق عليهАбуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бахше аз тарзи намозгузории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро нақл мекунад ва баён медорад, ки ҳангоме ки барои намоз бармехост, такбири эҳромро мегуфт, сипас ҳангоми интиқол ба рукуъ ва ҳангоми саҷда ва ҳангоми бархостан аз саҷда ва ҳангоми рафтан ба саҷдаи дуввум ва ҳангоми бархостан аз саҷда ва ҳангоми бархостан аз ду ракъати аввал, пас аз нишастан барои ташаҳҳуди аввал дар намозҳои серакъатӣ ва чаҳорракъатӣ такбир мегуфт. Ва инро дар ҳама намозаш то поёни он анҷом медод. Ва ҳангоми бархостан аз рукуъ (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) мегуфт ва сипас ҳангоме ки (баъд аз рукуъ) меистод (Раббано лакал ҳамд) мегуфт. Сипас Абуҳурайра мегӯяд: Қасам ба он ки ҷонам дар дасти Ӯст, ман дар миёни шумо монандтарин намозро ба намози Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дорам. Ҳамин равиши намози ӯ буд, то аз дунё рафт.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад."
رواه ابن حبانПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки бадтарин дуздӣ, дуздии касе аст, ки аз намозаш медуздад. Зеро агар моли дигареро бидуздад, шояд дар дунё фоидааш кунад ва аз он суд бибарад. Бар хилофи ин дузд, ки ҳаққи худашро аз аҷру савоб медуздад. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Чӣ гуна аз намозаш медуздад? Фармуданд: Рукуъ ва суҷудашро комил анҷом намедиҳад, яъне дар рукуъ ва суҷудаш шитоб мекунад ва онро ба шакли комил анҷом намедиҳад.
Аз ибни Абуавфо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид онеро, ки ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст, ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ).
رواه مسلمҲаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехест, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ", яъне: Он ки ҳамди Аллоҳ Таъолоро ба ҷой оварад, Аллоҳ низ ӯро истиҷобат мекунад ва ситоиши ӯро мепазирад ва барояш аҷру савоб медиҳад. Сипас ҳамди Аллоҳро ин гуна ба ҷой меовард: "Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид он киро ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ). Яъне, ҳамде, ки осмонҳо ва замин ва байни онҳоро пур мекунад ва ҳар чизеро, ки Аллоҳ бихоҳад пур мекунад.