





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: Худованд фармудааст: "Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту ба абрҳои осмон бирасад ва онгоҳ аз ман талаби омурзиш кунӣ, туро меомурзам ва гуноҳони туро хоҳам бахшид ва парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар ба сӯи ман биоӣ дар ҳоле, ки ба пурии замин гуноҳ ва хато дорӣ, вале ба ман ширк наоварӣ, ман бо замини пур аз мағфират ва бахшиш ба сӯи ту меоям".
رواه الترمذيПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳадиси қудсӣ фармудааст: Эй фарзанди Одам! То вақте ки Маро дуо мекунӣ ва ба раҳмати Ман умед дорӣ ва ноумед намешавӣ, гуноҳатро мепӯшонам ва онро пок мекунам ва ба он аҳамияте намедиҳам, ҳарчанд он гуноҳ аз ҷумлаи гуноҳони кабира бошад. Эй фарзанди Одам! Агар гуноҳони ту он қадар зиёд шаванд, ки миёни осмон ва заминро пур кунанд, то он ҷо ки тамоми гӯшаҳояшро фаро гиранд, сипас аз Ман омурзиш бихоҳӣ, ҳамаи онро маҳв мекунам ва мебахшам ва ба бисёрии онҳо аҳамият намедиҳам. Эй фарзанди Одам! Агар баъд аз марг бо гуноҳону маъсиятҳое назди Ман биёӣ, ки андозаи тамоми заминро фаро гирифтаанд, вале дар ҳолате ба наздам биёӣ, ки Манро ягона дониста бошӣ ва ба Ман ҳеҷ шарик қарор надодаӣ, тамоми гуноҳонатро бо андозаи замин мағфират мекунам. Зеро Ман соҳиби мағфирати васеъ ҳастам ва ғайр аз ширк ҳама гуноҳонро меомурзам.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".
رواه البخاريПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қудсӣ хабар додааст, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ҳар ки дӯсте аз дӯстони манро озор диҳад ва ӯро хашмгин кунад ё аз ӯ кина ба дил гирад, Ман бо ӯ эълони душманӣ кардаам. Валӣ: Муъмини солеҳ ва парҳезгор аст ва ҳар чи қадар банда аз имон ва тақво бархурдор бошад, ҳамон қадар аз вилояти Аллоҳ баҳраманд хоҳад шуд. Ва мусалмон бо чизе ба Парвардигораш наздик нашудааст, ки назди Парвардигор маҳбубтар аз анҷоми фарзҳояш ва тарки ҳаромҳояш бошад. Ва банда ҳамвора бо анҷом додани нафлҳо бо ҳамроҳии фарзҳояш ба Парвардигораш наздиктар мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст орад. Чун Аллоҳ ӯро дӯст бидорад, ӯро дар ин чаҳор узваш тавфиқи кори дуруст медиҳад: Дар шунавоияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мешунавад, ки Аллоҳ аз он розӣ аст. Ва дар биноияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мебинад, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва меписандад. Ва дар дасташ тавфиқ медиҳад, пас бо дастонаш танҳо кореро мекунад, ки сабаби розигии Аллоҳ аст. Ва дар пояш тавфиқ медиҳад, бинобар ин танҳо ҷое меравад, ки Аллоҳ розӣ аст, ва қадам намезанад, магар дар корҳои хайр. Ва бо ин ҳама, агар аз Аллоҳ чизе бихоҳад, барояш ато мекунад. Бинобар ин, мустаҷобуддуо мешавад. Ва агар ба Аллоҳ паноҳ бибарад, ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чи метарсад дар амон медорад. Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд: Дар чизе тараддуд накардам, магар дар гирифтани ҷони муъмин, аз рӯйи раҳмат ба ӯ, зеро муъмин маргро дӯст надорад ва Аллоҳ дарди муъминро намеписандад.
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро ҷустуҷӯ кард, наёфт, марде гуфт: Ман аз ӯ бароят хабар меоварам. Пас назди ӯ рафт, дид, ки дар хонааш сарашро зер андохта нишаста аст. Аз ӯ пурсид: Туро чӣ шудааст? Гуфт: Шар (бадӣ расидааст). Ӯ садояшро бар садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боло мебурд, дар натиҷа амалаш аз байн рафтааст ва аз аҳли дӯзах аст. Пас, он мард баргашт ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки ӯ чунин ва чунон гуфтааст. Пас бори дуввум бо башорати бузурге ба назди ӯ бозгашт. Зеро (Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро наёфт ва дар борааш пурсид. Марде гуфт: Ман хабарашро ва сабаби ғоиб буданашро барои шумо меорам. Пас ба хонааш рафт ва дид, ки сарашро поин андохта ва ғамгин нишастааст. Аз ӯ пурсид, ки туро чӣ шудааст? Собит ҳам шарре, ки гирифтораш шуда будро ба ӯ гуфт, зеро ӯ садояшро аз садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) болотар мебурд ва Аллоҳ Таъоло касеро, ки чунин кунад, таҳдид кардааст, ки амалашро ботил мекунад ва ӯ аз аҳли дӯзах аст. Он мард ба сӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргашт ва инро барояш гуфт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба назди Собит баргардад ва ӯро башорат диҳад, ки аз аҳли дӯзах нест, балки аз аҳли биҳишт аст. Зеро ӯ чунин офарида шудааст, ки овози баланд дорад ва ӯ хатиби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ансор буд.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки ӯ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунид, ки мегуфт: "Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳнамоӣ намуданд, ки ҳар кас садои муаззин барои намозро шунид, гуфтаи муаззинро баъд аз ӯ такрор кунад, ба ҷуз ду ҷумлаи (ҳайя алас-салот, ҳайя алал-фалоҳ), ки баъд аз он (Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ) мегӯяд. Сипас баъд аз поёни азон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристад, зеро ҳар касе ба Ӯ як дуруд фиристад, Аллоҳ ба сабаби он бар ӯ даҳ дуруд мефиристад. Ва маънои дуруди Аллоҳ бар бандааш, санои Аллоҳ бар бандааш назди малоика аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки аз Аллоҳ барои ӯ "васила" дархост шавад. Васила як мақому манзилатест дар биҳишт, ки болотарин манзилати он аст ва шоиста ва муяссар нест ҷуз барои як банда аз миёни ҳама бандагони Аллоҳ Таъоло. Ва он ҳазрат умедвор аст, ки он банда эшон бошанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инро аз рӯйи тавозуъ баён намуданд, зеро агар он манзилат танҳо шоистаи як нафар бошад, он як нафар касе нест ҷуз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), зеро Ӯ беҳтарини офаридагон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки ҳар кас барои ӯ "васила"-ро дар дуо бихоҳад, шафоаташ барои ӯ ҳосил мешавад.
Аз Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Шайтон миёни ман ва намози ман ворид шудааст ва дар хонданам барои ман мушкилӣ эҷод мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:" Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун". Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).
رواه مسلمУсмон ибни Абулос (разияллоҳу анҳу) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Миёни ман ва намозам шайтон даромад ва маро аз хушуъ дар намозам боз дошта аст ва сабаб шудааст, ки дар хонданам иштибоҳ кунам ва дучори шак шавам. Пас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуд: Он шайтоне аст, ки Хинзаб ном дорад, ҳаргоҳ чунин ёфтӣ ва ӯро эҳсос кардӣ, ба Аллоҳ паноҳ бибар ва се бор ба тарафи чапат бо андаке аз оби даҳон туф кун. Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".
متفق عليهПаёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз чаҳор хислат ҳушдор доданд, ки агар дар як мусалмон ҷамъ шаванд, ӯ ба сабаби ин хислатҳо ба мунофиқон шабоҳати сахт пайдо мекунад. Ин ҳукм барои касест, ки ин хислатҳо дар ӯ ғолиб ва доимӣ бошанд. Аммо касе, ки гоҳ-гоҳ чунин амал кунад, ин таҳдид ӯро дар бар намегирад. Он хислатҳо иборатанд аз: Якум: Вақте ҳарф мезанад қасдан дурӯғ мегӯяд ва дар гуфтораш ростӣ нест. Дувум: Вақте аҳду паймон мебандад, ба аҳдаш вафо намекунад ва ба он касе, ки бо ӯ аҳд бастааст, хиёнат мекунад. Севум: Вақте ваъда медиҳад, ба ваъдааш вафо намекунад ва хилофи он амал мекунад. Чаҳорум: Вақте баҳсу ҷанҷол мекунад, аз ҳақ берун меравад, бо макр ва ҳила ҳақро рад мекунад ва дурӯғу ботил мегӯяд. Нифоқ ин аст, ки шахс чизеро изҳор мекунад, ки дар ботин хилофи онро дорад. Ва ин маънӣ дар касе, ки ин хислатҳоро дорад, мавҷуд аст. Нифоқи ӯ дар ҳаққи касе аст, ки бо ӯ ҳарф задааст, ваъда кардааст, ӯро амин шуморидааст, бо ӯ баҳсу ҷанҷол кардааст ва бо ӯ аҳду паймон бастааст, на ин ки ӯ дар ислом мунофиқ бошад, ки зоҳир исломро қабул дорад ва ботинан кофир аст. Аммо касе, ки яке аз ин хислатҳоро дорад, дар ӯ нишонаи нифоқ ҳаст, то он ки онро тарк намояд.
Аз Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки бар зидди мо силоҳ бардорад, аз мо нест."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз бардоштани силоҳ бар зидди мусалмонон ба нияти тарсондан ё ғорат кардани онон ҳушдор медиҳад ва баён мекунад, ки ҳар кас ба ғайри ҳақ чунин кунад, муртакиби ҷурми бузург ва яке аз гуноҳони кабира шудааст ва сазовори ин таҳдид ва ваъиди сахт аст.
Аз Абусаълаба ал-Хушанӣ, Ҷурсум ибни Ношир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Ба дурустӣ, Худованд фаризаҳоро муқаррар намуд, пас онҳоро зоеъ накунед; ва ҳудудҳоро (барои уқубату ҷазо) муайян сохт, пас онҳоро таҷовуз накунед; ва ҳаромҳоро ҳаром гардонид, пас ба онҳо наздик нашавед; ва дар бораи (баъзе) чизҳо бинобар меҳрубонӣ намудан барои шумо на аз рӯйи фаромӯшӣ, сукут (ихтиёр) кард, пас шумо онҳоро ҷустуҷў накунед".
رواه الدارقطني في سننه وغيرهПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Худованд чизҳоеро воҷиб гардонида ва фарзҳоеро муқаррар намудааст, пас ба онҳо пойбанд бошед ва дар иҷрои онҳо кӯтоҳӣ накунед. Ва бароятон марзҳо ва боздорандаҳое муайян кардааст, ки шуморо аз корҳои нописанд бозмедоранд, пас бар он чи шариат фармон додааст, наяфзоед. Ва муҳаррамотеро ҳаром гардонидааст, пас аз онҳо парҳез кунед ва ба онҳо наздик нашавед. Аммо он чизҳое, ки Худованд дар борааш сукут кардааст, онҳоро аз рӯи раҳматаш барои шумо вогузоштааст, пас бар асли мубоҳ ва ҳалол боқӣ бимонад, бинобар ин, дар пайи ҷустуҷӯи онҳо набошед.
Аз Абумуҳаммад, Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб, набераи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва наваи дӯстдоштаи ӯ ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ёд дорам, ки фармуд: "Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
رواه الترمذي والنسائيПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуданд, ки инсон бояд чизеро, ки дар ҳалол ё ҳаром буданаш шакку шубҳа дорад, аз гуфтор ё кирдор, тарк кунад ва ба он чи ки шак надорад ва аз ҳалол буданаш мутмаин аст, рӯй оварад.