





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуяъло Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
رواه مسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд эҳсон дар ҳама чизро бароямон воҷиб гардонидааст, ва эҳсон иборат аст аз: муроқибати ҳамешагии Худованд бар ибодати мо, бар анҷоми амалҳои нек ва даст бардоштан аз озор ва азияти тамоми махлуқот, ки ҳатто дар забҳи чорво эҳсон бояд дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар қасос ин аст, ки: осонтарину сабуктарин ва камдардтарин равиши қатл дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар забҳ ин аст, ки: ҳамчун шафқат ба чорво корди тез интихоб кунад, кордро дур аз чашми чорво тез кунад ва пеши чашми чорвои дигар забҳ накунад.
Аз Абумолик, Ҳорис ибни Осими Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад. Намоз рӯшноӣ аст. Садақа бурҳон(-и имондорӣ) аст. Сабру шикебоӣ равшанӣ(-и имон) аст. Қуръон барои ту ё бар зидди ту ҳуҷҷат аст. Мардумон бомдодон саъйу талош мекунанд, пас касе (бо анҷом додани корҳои нек) ҷонашро (ба Худо) фурӯхта, пас (худро аз азоб) раҳо мекунад ва каси дигаре (бо анҷом додани корҳои зишт) ҷонашро (ба шайтон ва ҳавову ҳаваси худ) фурӯхта, пас (худро) ба ҳалокат мувоҷеҳ месозад"
رواه مسلمПаёмбар (Дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки таҳорат ва покии зоҳирӣ бо обдаст ва ғусл ба даст меояд, ки он худ яке аз шартҳои намоз аст. Инки Паёмбари Худо гуфтанд: "Алҳамду лиллоҳ тарозуро пур мекунад" сано гуфтан ба Парвардигор ва тавсифи Ӯ Таъоло ба сифатҳои камол аст, ки чун рӯзи қиёмат ба тарозу гузошта мешавад тарозуи аъмолро пур мекунад. Ва гуфтани "Субҳоналлоҳ ва Алҳамду лиллоҳ" ба маънои пок ва муназзаҳ донистани Худованд аз ҳамагуна нуқсон аст, ва васфи Ӯ Таъоло ба тамоми сифатҳои комил, ки танҳо сазовори бузургӣ ва ҷалоли Ӯст ва бо доштани муҳаббат ва бузургдошти Худованд, миёни осмон ва заминро пур мекунад. "Намоз нур аст" намоз барои банда нуре аст дар дил, дар чеҳра, дар қабр ва дар рӯзи қиёмат. "Садақа бурҳон аст", садақа далиле аст бар сидқи имони муъмин ва тафовути ӯ аз мунофиқ, ки аз садақа додан худро бозмедорад, зеро ба савоби он бовар надорад. Ва "Сабр равшанӣ аст" - яъне худдорӣ аз тарс ва норизоятӣ- он нурест, ки бо худ гармӣ ва сӯзиш дорад, ҳамоно монанди нури офтоб, зеро он душвор аст ва ниёз ба худдорӣ аз хоҳишотро дорад. Аз инҷост, ки соҳибсабр ҳамеша дар равшанӣ ва дар роҳи дуруст аст. Сабр худ, собир будан дар тоъати Худованд ва дур будан аз маъсияти Ӯ Таъоло ва сабр дар мушкилот ва мусибатҳои дунявӣ аст. "Қуръон ҳуҷҷат барои (ба фоидаи) ту аст", яъне бо тиловат кардану амал кардан ба он. Ва "Ҳуҷҷат аст бар алайҳи ту" яъне тарк кардани тиловат ва амал накардан ба он. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки мардум ҳама аз хоб бедор шуда ба мақсади анҷоми корҳои худ аз хона берун мешаванд. Сипас бархе роҳи ростро интихоб намуда худро аз оташи дӯзах наҷот медиҳанд ва бархеи дигар аз роҳи рост мунҳариф гашта бо анҷоми гуноҳон худро сазовори дӯзах мегардонанд.
Аз Абусаъид Саъд ибни Молик ибни Синони Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест".
رواه ابن ماجه والدارقطني وغيرهما مسندًاПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои шахс ҷоиз нест, ки бар худ ва ё бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ.
Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, он гоҳ мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам ёд кардан (лозим) аст".
رواه البيهقي وغيره هكذا وبعضه في الصحيحينПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар ба мардум танҳо бо даъвоҳои худашон (бе ягон далелу қарина) он чиро, ки даъво доранд, дода шавад, пас баъзеҳо молу хуни мардумро даъво мекарданд. Аз ин рӯ, бар даъвогар лозим аст, ки далел ва бурҳон пешниҳод кунад. Агар далеле надошта бошад, даъво бар муқобили касе, ки аз он талаб мешавад (яъне муҳокимашаванда) равона мешавад. Агар ӯ инкор кунад, пас бояд савганд хӯрад ва бо ин роҳ бегуноҳ дониста мешавад.
Аз Абубурда аз падараш Абумусои Ашъарӣ ривоят аст: Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба тарафи Яман фиристоданд ва дар бораи баъзе аз нӯшиданиҳое, ки дар он ҷо сохта мешуд, аз эшон пурсиданд, ки чистанд онҳо? Гуфт: ал-Битъ ва ал-Мирз аст. Ва ба Абубурда гуфт: "ал-Битъ чист?" Гуфт: Оби асал ва ал-Мизр оби ҷав. Сипас Фармуданд: "Ҳар чизе, ки мастӣ биёварад, ҳаром аст". Ривояти Бухорӣ. Ва Муслим низ онро ривоят кардааст, ки лафзаш чунин аст: Гуфт: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ман ва Муъозро ба Яман фиристод. Ман гуфтам: Эй Расули Худо! Дар сарзамини мо нӯшокие ҳаст, ки ба он «мизар» мегӯянд, ки аз ҷав сохта мешавад, ва нӯшокие ҳаст, ки «битъ» ном дорад ва аз асал тайёр мешавад. Пас Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар нӯшокие, ки маст кунад, ҳаром аст". Ва дар ривояти дигар аз Муслим омадааст, ки: Пас гуфт: "Ҳар он чи инсонро аз намоз боздорад ва маст кунад, ҳаром аст". Ва дар ривояти дигар аз Муслим омадааст: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки суханҳои пурмазмунро бо кӯтоҳгӯӣ ифода мекард, фармуд: "Ман аз ҳар масткунандае, ки инсонро аз намоз боздорад наҳй мекунам".
رواه البخاري ومسلمАбумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба Яман фиристод. Ӯро (Паёмбарро) дар бораи нӯшокиҳое, ки он ҷо таёр мекунанд, пурсид, ки оё он нӯшокиҳо ҳаром ҳастанд ё ҳалол. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бораи он нӯшиданиҳо тавзеҳ хост. Абумусо (разияллоҳу анҳу) гуфт: Он нӯшиданиҳо яке "битъ" мебошад, ки аз асал таёр мешавад ва дигарӣ "мазр", ки аз ҷав таёр мешавад. Пас, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки аз суханони фарогир ва кӯтоҳ баҳраманд аст, фармуд: "Ҳар чизи масткунанда ҳаром аст".
Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест".
رواه مسلمРасули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти ҳозир будани таъом, ки (шахси гурусна) дилаш ба он майл мекунад, намоз гузоштанро наҳйи кардааст. Ва ҳамчунин аз намоз хондан дар ҳолати фишори ду нопокӣ - пешоб ва наҷосат - наҳйи кардааст. Зеро дар ин ҳолат (шахси намозгузор) машғули пешгирӣ кардан аз он ду аст.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ".
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки яке аз одоби воҷиб барои касе, ки дар хутбаи ҷумъа ҳозир шудааст, гӯш додан ба хатиб аст, то битавонад панду андарзҳои ӯро ба хубӣ дарёбад. Ва агар касе дар ҳоли хутба хондани имом камтарин чизеро ба забон биёварад ва масалан ба ҳамнишинаш бигӯяд: "хомӯш бош", ва "гӯш фаро деҳ", фазилати намози ҷумъаро аз даст додааст.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) панҷ хусусиятро, ки аз дини Ислом ва суннатҳои паёмбарон ҳастанд, баён карданд. Якум: хатна кардан, яъне буридани пӯсти зиёдатии олати мард, ки дар қисмати нуги олат ҷой дорад ва инчунин буридани нӯги пусте, ки бар болои шармгоҳи зан ва дар ҷойи вуруди олати ӯ қарор дорад, мебошад. Дуввум: истиҳдод, тарошидани мӯйе ки дар атрофи шармгоҳ аст. Севум: кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани он чи бар руйи лаби болои руйидашуда аст, ба шакле, ки лаб намоён бошад. Чаҳорум: кӯтоҳ кардани нохунҳо. Панҷум: кандани мӯйи зери бағал.
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки гуфт: "Мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед ва ришҳоро афзоиш диҳед."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр ба гирифтан ва кӯтоҳ кардани мӯйлабҳо кардаанд ва ин ки мӯйлаб бидуни кӯтоҳ кардан раҳо карда нашавад ва дар анҷоми ин кор муболиға шавад. Ва дар муқобил амр ба гузоштани риш ва афзоиш додани он кардаанд.