Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way






























Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз рафтан ба назди арроф ҳушдор медиҳад. Арроф -ҳамон мунаҷҷим, коҳин ва раммол ва монанди инҳо аст, касоне ки бо гуфтани баъзе аз суханон иддиои илми ғайб мекунанд-. Пурсидани умури ғайбӣ аз чунин ашхос сабаб мешавад Аллоҳ инсонро аз савоби чиҳил рӯз намозаш маҳрум бигардонад, ки ин муҷозоте аст барои ин гуноҳи бузург. Мунаҷҷим ё ситорашинос касе аст, ки бар асоси бурҷҳо ва қарор гирифтани ситораҳо иддиои ғайбгуӣ ва пешбинии ояндаро мекунанд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе аз илми ситораҳо ва бурҷҳо ба худ касб кунад ва аз ҳаракат, вуруд ва хуруҷи онҳо бар ҳаводиси заминӣ, аз қабили марг ё зиндагӣ ё бемории фалонӣ, ё ончи дар оянда рӯй медиҳад хулоса барорад, шохае аз илми ҷодуро омухтааст. Ба ҳар андоза, ки инсон бештар аз ин илм фаро гирад, илми ҷодуро бештар фаро гирифтааст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имон дорои шоха ва вижагиҳои бисёре аст, ки шомил амалҳову эътиқодот ва гуфторҳост. Баландтарин ва беҳтарин вижагиҳои имон гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" бо донистани маъно ва амал кардан ба муқтазои он аст, яъне Аллоҳ ҳамон маъбуди ягонае аст, ки танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст. Кӯчактарин шохаи имон аз роҳ дур кардани ҳар чизе аст, ки ба мардум зиён мерасонад. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳаё аз вижагиҳои имон ва хислате аст, ки инсонро ба анҷоми амалҳои зебо ва тарк кардани зиштиҳо бармеангезад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар яке аз сафарҳои худ, ки мардум дар хаймаҳои худ буданд, шахсеро назди онон фиристод то бигӯяд тамоми гарданбандҳои шутуронро, чи аз зиҳ (зиҳи камон) бошад ё зангӯла ва ё ҳатто наъл, бигиранд, зеро онҳо аз тарси чашм расидан ин амалро анҷом медоданд. Бинобарин дастур дода шуданд то ҳама онро қатъ кунанд, зеро он чашм ва зарарро дафъ намекунад, суд ва зиён ҳама ба дасти Аллоҳи ягона аст, ки Ӯро шарик нест.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кас бо забонаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд ва гувоҳӣ диҳад, ки "Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ" ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастида мешавад, инкор кунад ва аз ҳама динҳо ҷуз Ислом безорӣ ҷӯяд, мол ва ҷонаш бар мусалмонон ҳаром аст ва ҷуз амали зоҳирӣ дигар амалҳои ӯ марбути мо бандагон нест, ҷон ва моли ӯ дар амон аст, магар инки муртакиби ҷиноят шавад, ки ба муқтазои аҳкоми Ислом муҷозоти ӯ лозим меояд. Ҳисоби ӯ дар қиёмат назди Аллоҳ аст, агар дар имонаш содиқ буд сазовори подош ва агар мунофиқ буд сазовори азоб аст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки касоне, ки ба дигарон раҳм мекунанд, Парвардигори Раҳмон бо раҳматаш, ки ҳама чизро фаро гирифтааст, ононро мавриди раҳмат қарор медиҳад, Подош мувофиқи амал аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр карданд, ки ҳар ки дар замин аст, аз инсон, ҳайвон ё паранда ва дигар махлуқот, мавриди раҳмат қарор гиранд, ҷазояшон он аст, ки Аллоҳ низ шуморо аз болои осмонҳо мавриди раҳмат қарор медиҳад.
Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди касоне ки аз ғайб ва ончи дар оянда рух медиҳад хабар медиҳанд (яъне фолбинон), пурсида шуд, фармуданд: ба онон аҳамият надиҳед, гуфтаҳои онҳоро қабул накунед ва он ба шумо ҳеҷ дахл надорад. Гуфтанд: гоҳо ончи мегӯянд мутобиқ бо воқеият аст, монанди дар фалон рӯз ва дар фалон моҳ рух додани кори ғайбиеро мегӯянд ва ҳамон гуна, ки гуфтанд воқеъ мешавад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҷинҳо хабари осмониро мешунаванд ва онро рабуда ба назди авлиёи худ, ҳамон фолгирон, фурӯд меоянд ва ба онҳо мерасонанд ва фолгирон атрофи он хабар сад дурӯғи дигар меафзоянд.
Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд ва Паёмбари Худо ба ӯ гуфт: эй Муъоз! Ва инро се бор такрор фармуданд, ки такрори ин қавл инҷо бинобар таъкид ва аҳамияти ончи мегуядро дорад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) посухи ҳар се пурсишро ин гуна ҷавоб доданд: "Лаббайка ё Расулаллоҳ ва саъдайка" (Пай дар пай ба ту ҷавоб мегӯям эй Расули Худо ва барои ту хушӣ хоҳонам). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳар касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, ва бар ин бовар бимирад Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозат хост, ки оё ин муждаи некро ба мардум бирасонад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бим аз он дошт, ки мабодо мардум такя бар ин мужда намуда танбалӣ кунанд ва амалашон кам шавад. Муъоз то замони пеш аз марги худ онро ба касе нагуфт, аммо бинобар тарс аз афтодан ба гуноҳи китмони илм онро ошкор кард.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованди мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва бандагонро ташвиқ мекунад, ки Ӯро дуо кунанд, зеро ҳар касе Ӯро дуо кунад, дуояшро иҷобат мекунад, ва ононро ташвиқ мекунад, ки ҳарчи мехоҳанд аз Ӯ талаб кунанд, зеро ҳар касе аз Ӯ талаб кунад ба ӯ ато мекунад, аз онон мехоҳад, ки аз Ӯ талаби омӯрзиш кунанд, зеро Ӯ бандагони мӯъмини худро мавриди мағфират ва омӯрзиш қарор медиҳад.